Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2025, № 255 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 маъқул дониста шавад.

2.Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳим надоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 255

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2022-2027

Ёддошти тафоҳуми мазкур байни:

а) Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд “Кумита”), ки мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими ҳуқуқиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсили калонсолон амалӣ менамояд ва

б) Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (минбаъд “БОҶ”), барномаи фаръии худмухтор ва муштараки Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аст, ки қароргоҳаш дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия воқеъ буда, тавассути намояндагии кишвараш дар Тоҷикистон амал мекунад, дар алоҳидагӣ «Тараф» ва дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд, баста шудааст.

Бо дар назар доштани он ки БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи заминавӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОҶ аз 14 июли соли 2003 (Созишномаи заминавӣ) баста шудааст, фаъолият менамояд. Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамчун созишномаи иловагӣ ба Созишномаи заминавӣ ба ҳисоб рафта, муқаррароти Созишномаи заминавӣ пурра ва бидуни истисно нисбати Ёддошти тафоҳуми мазкур татбиқ мегардад;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ барои давраи то соли 2027 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 456) ва Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2022, № 205) ба нақша гирифтааст, ки шароитҳои мусоидро барои рушди низоми миллии ғизои мактабӣ, барои ҳамаи кӯдакон фароҳам оварда, барномаи феълан амалишудаи БОҶ-ро ба барномаи миллӣ табдил диҳад.

Ҷиҳати мусоидат намудан ба мақсад ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, БОҶ ба рушд ва таҳкими иқтидори миллии Тоҷикистон дар самти таҳияи барномаи устувори ғизои мактабӣ тавассути пешниҳод намудани кумаки техникӣ ва интиқолу мубодилаи донишу малакаҳо ва таҷриба, бо такя ба тақвияти ҳамаҷониба ва мушаххаси низоми мавҷуда саҳм мегузорад;

Дар доираи банди 23 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2027 ва Нақшаи стратегии миллии БОҶ оид ба рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ ният доранд, ки барномаи мунтазами такмили ихтисоси кормандони ошхонаро, аз ҷумла барои онҳое, ки барои ғизои мактабӣ масъуланд, ба роҳ монда, таъмини хӯроки серғизо ва бехатар барои кӯдакони мактабиро таъмин намоянд (минбаъд лоиҳа).

Тарафҳо ба тариқи зайл ба мувофиқа расиданд:

а) Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд “Кумита”), ки мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими ҳуқуқиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсили калонсолон амалӣ менамояд ва

б) Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (минбаъд “БОҶ”), барномаи фаръии худмухтор ва муштараки Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аст, ки қароргоҳаш дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия воқеъ буда, тавассути намояндагии кишвараш дар Тоҷикистон амал мекунад, дар алоҳидагӣ «Тараф» ва дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд, баста шудааст.

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Комитетом по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан и Всемирной продовольственной программой Организации Объединённых Наций о сотрудничестве в реализации Государственной программы развития школьного питания в Республике Таджикистан на 2022-2027 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Комитетом по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан и Всемирной продовольственной программой Организации Объединённых Наций о сотрудничестве в реализации Государственной программы развития школьного питания в Республике Таджикистан на 2022-2027 годы.

2.Председателю Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать со Всемирной продовольственной программой Организации Объединенных Наций дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон


г.Душанбе, от 1 мая 2025 года №255
...