ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 241
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914, с. 2024, №1-2, мод. 19, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №2130) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар;».
2.Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар
1.Ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонад, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷудбуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2.Ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти иттилоотие дохил мешавад, ки паҳн кардани он дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка»»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, от 1 мая 2025 года, №241
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ЗАЩИТЕ ПРАВ РЕБЁНКА»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» от 18 марта 2015 года (Ахбори Маджилиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №3, ст. 218; 2018 г., №1, ст. 21; 2020 г., №12, ст. 914, 2024 г., №1-2, ст.19, Закон Республики Таджикистан от 2 января 2025 года, №2130) следующие дополнения:
1. Статью 5 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
«- утверждение правил защиты ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию;».
2. Дополнить статьёй 291 следующего содержания:
«Статья 291. Защита ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию
1. Защита ребёнка от информации, причиняющей вред его здоровью или развитию, в том числе вредной информации, содержащейся в информационной продукции, осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
2. К информации, причиняющей вред здоровью или развитию ребёнка, относится информационная продукция, распространение которой среди детей определенного возраста ограничено или запрещено в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан