ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, қолабӣ ва агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди обёрӣ дар ноҳияи Панҷ»
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаҳои қарзӣ, грантӣ, қолабӣ ва агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди обёрӣ дар ноҳияи Панҷ», ки 26 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд, тасдиқ карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки Исломии Рушдро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани созишномаҳои мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, аз 10 апрели соли 2025, № 62
...