ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъсиси Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъсиси Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009, ки 26 июни соли 2024 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушдро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2025, № 1573
...