ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи истифодаи барзиёдии нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2025
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 маблағи 183 000 000 (яксаду ҳаштоду се миллион) сомонӣ равона намояд, аз ҷумла:
- барои пурра намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» 90 000 000 (навад миллион) сомонӣ;
- ба Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 000 000 (наваду се миллион) сомонӣ, аз он барои иншооти «Сохтмони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара» 30 000 000 (сӣ миллион) сомонӣ, «Сохтмони меҳмонхона дар маркази ноҳияи Данғара» 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ, «Сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 17 000 000 (ҳабдаҳ миллион) сомонӣ, «Сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ, «Сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 000 000 (ду миллион) сомонӣ ва «Сохтмони бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» 14 000 000 (чордаҳ миллион) сомонӣ;
2) бо дарназардошти равона гардидани маблағҳои иловагӣ, нақшаи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 барои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ва Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намояд.
2. Қарори мазкур ба маълумоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 16 апрели соли 2025, № 229
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
Об использовании перевыполнения плана доходов республиканского бюджета в 2025 году
В соответствии со статьёй 20 Закона Республики Таджикистан «О Государственных финансах Республики Таджикистан» и статьёй 26 Закона Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерству финансов Республики Таджикистан:
1) за счет перевыполнения плана доходов республиканского бюджета в 2025 году направить 183 000 000 (сто восемьдесят три миллиона) сомони, в том числе:
- 90 000 000 (девяносто миллионов) сомони для пополнения уставного капитала Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС»;
- 93 000 000 (девяносто три миллиона) сомони Государственному учреждению «Дирекция по строительству правительственных объектов» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, из них для объектов «Строительство Хатлонского государственного медицинского университета в Дангаринском районе» 30 000 000 (тридцать миллионов) сомони, «Строительство гостиницы в центре Дангаринского района» 15000000 (пятнадцать миллионов) сомони, «Строительство здания Посольства Республики Таджикистан в Республике Узбекистан» 17 000 000 (семнадцать миллиона) сомони. «Строительство административного здания Министерства образования и науки Республики Таджикистан» 15 000 000 (пятнадцать миллионов) сомони, «Строительство административного здания Министерства культуры Республики Таджикистан» 2 000 000 (два миллиона) сомони и «Строительство нового здания Министерства юстиции Республики Таджикистан в городе Душанбе» 14 000 000 (четырнадцать миллионов) сомони;
2) с учётом направления дополнительных средств, урегулировать план расходов республиканского бюджета на 2025 год для Открытого акционерного общества «Рогунская ГЭС» и Государственного учреждения «Дирекция по строительству правительственных объектов» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
2. Настоящее постановление довести до сведения Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 16 апреля 2025 года №229