Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2025, № 1010 "Дар бораи таъсиси Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи таъсиси Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сӯистеъмол аз онҳо, фармон медиҳам:

1. Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъсис дода шавад.

2. Басти вазифавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия тибқи сметаи хароҷоти замимагардида аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсати берунӣ пешбинигардида таъмин намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои барои нигоҳдории Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷудошавандаро таъмин намояд.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Федератсияи Россияро дар хусуси таъсиси Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия огоҳ созад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 20 марти соли 2025, № 1010
Замимаи 1
ба фармони Президенти
...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О создании Представительства Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и в целях реализации Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в борьбе с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ и со злоупотреблением ими, постановляю:

1. Создать Представительство Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации.

2. Утвердить штатное расписание и смету расходов на содержание Представительства Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации (приложения 1 и 2).

3. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить своевременное финансирование расходов на содержание Представительства Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации в соответствии с приложенной сметой расходов за счёт средств, предусмотренных в республиканском бюджете на внешнеполитическую деятельность.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить контроль над целевым использованием средств, выделяемых на содержание Представительства Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации.

5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить российскую сторону о создании Представительства Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан в Российской Федерации.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе 20 марта 2025 года №1010
Приложение 1
к указу Президента
Республики Таджикистан
от «20» марта 2025 года, №1010
...