бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025,
№ 1575
СОЗИШНОМАИ ИЛОВАГӢ БА СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ҲАЙАТИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «АВЕСТО ГУРӮҲ», ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМОНТАЖ» ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ ТАШКИЛОТИ АМОНАТИИ ҚАРЗИИ ХУРДИ «ДУШАНБЕ СИТИ» ДАР БОРАИ АМАЛӢ КАРДАНИ ЛОИҲАИ «НИЗОМИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ НАЗОРАТ ВА БАҲИСОБГИРИИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ», КИ 12 ДЕКАБРИ СОЛИ 2019 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИМЗО РАСИДААСТ
Созишномаи иловагии мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:
(1) ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори давлатӣ) ва
(2) КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН дар шахсияти пешбари Консорсиум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ» (минбаъд - Сармоягузор);
МУҚАДДИМА
- бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;
- бо ба инобат гирифтани он, ки Сармоягузор аз ҳисоби маблағҳои худ ва маблағҳои ҷалбшаванда бо мақсади коҳиш додани талафоти техникиву тиҷоратии нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ ва таъмин намудани ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷорӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои ҳадафнок ноил гардидааст;
...