бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025,
№ 1574 тасдиқ шудааст
Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019
Созишномаи иловагии мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:
(1) ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва
(2) ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ТОҶИКСЕМЕНТ» (минбаъд - Сармоягузор), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад;
МУҚАДДИМА
-бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;
-бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои дар созишномаи сармоягузории иловагии мазкур пешниҳодгардида сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодро ҳавасманд гардонида, татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақа мусоидат менамояд;
-бо дар назар доштани он, ки амали созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта, ки 10 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ), тибқи моддаи 27 бинобар гузаштани муҳлати амали он қатъ мегардад;
-вобаста бо гуфтаҳои боло ва бо дар назар доштани уҳдадориҳои мутақобила, ки дар созишномаи иловагии мазкур муқаррар гардидаанд, ҳамчунин манфиати мутақобила аз он, Ҳукумат ва Сармоягузор (ки дар маҷмӯъ «Тарафҳо» ва дар алоҳида «Тараф» номида мешаванд) ба мувофиқаи зерин расиданд:
1.Ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 тағйироти зерин ворид карда шаванд:
...