Ёддошти тафаҳҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз 3 ноябри соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 26 марти соли 2025, № 210
тасдиқ шудааст

Ёддошти тафаҳҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт (минбаъд ба таври дастаҷамъӣ ва инфиродӣ Тарафҳо ва Тараф). Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар ва хоҳиши онҳо барои васеъ ва амиқтар кардани дониш ва фаҳмиши мутақобила тавассути ташвиқи табодули таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.

Тарафҳо ба мувофиқаи зерин омаданд:

Моддаи 1

Тарафҳо кӯшиш мекунанд, ки байни худ дар соҳаи варзиш ҳамчун воситаи таҳкими сулх ва дӯстӣ дар ҳар ду кишвар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ барпо кунанд.

Моддаи 2

Тарафҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷавонон ва варзиш тақвият бахшида, дар самтҳои зерин ҳамкорӣ менамоянд:

1)Мубодилаи таҷриба байни варзишгарон ва мураббиён дар ҳама соҳаҳои варзиш, ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ.

2)Мубодилаи таҷриба оид ба гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва фестивалҳо дар соҳаи варзиши байналмилалӣ дар ҳар ду кишвар.

3)Мубодилаи таҷриба дар рушди иншооти варзишӣ ва беҳтар намудани инфрахсохтори онҳо.

4)Мубодилаи таҷриба дар самти марказҳои таълимии роҳбарони варзиш.

...
Утвержден
постановлением Правительство
Республики Таджикистан
от 26 марта 2025 года  №210


Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Государства Кувейт о сотрудничестве в области физического воспитания и спорта 

Прилагается на тадж.яз


...