ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024, №2501 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 марти соли 2025, № 204
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025, № 204
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
...