ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат маъқул дониста шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Шартномаи мазкурро бо ҷонибҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон мувофиқа намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 20 марти соли 2025, № 1011
Лоиҳа
ШАРТНОМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд Тарафҳои Олимақоми Аҳдкунанда номида мешаванд,
принсипҳои эҳтироми тарафайн, баробарии соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзиро ба роҳбарӣ гирифта,
бо мақсади муайян намудани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ва хатти гузариши сарҳадҳои давлатӣ дар маҳалли нуқтаи пайвастшавӣ,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳои Олимақоми Аҳдкунанда ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро (минбаъд - нуқтаи пайвастшавӣ) муайян намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз нуқтаи сарҳадии №200, ки дар Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 5 октябри соли 2002 дарҷ шудааст, то нуқтаи пайвастшавӣ муайян намуданд.
Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузариши хатти Сарҳади давлатии Қирғизистону Узбекистонро аз нуқтаи сарҳадии №459, ки дар Шартнома байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи Сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон аз 5 сентябри соли 2017 дарҷ шудааст, то нуқтаи пайвастшавӣ муайян намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №161, ки дар Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз 13 марти соли 2025 дарҷ шудааст, то нуқтаи пайвастшавӣ муайян намуданд.
Ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавӣ ва хатти сарҳадҳои давлатӣ, ки ба нуқтаи пайвастшавӣ васл аст, дар харитаҳои топографии 1:10 000 тасвир шудаанд ва барои ҳар як Тарафи Олимақоми Аҳдкунанда ба забони русӣ таҳия гардида, ба ин Шартнома замима мегардад ва қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад (Замимаи №1).
Координатҳо ва қайди нуқтаҳои баланди дар Низоми координатҳои соли 1942 ва Низоми баландии балтикӣ оварда шудааст.
Моддаи 2
Тарафҳои Олимақоми Аҳдкунанда Тавсифоти ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва гузариши хатти сарҳадҳои давлатиро дар маҳалли нуқтаи пайвастшавӣ бо забони русӣ, ки ба ин Шартнома замима мегардад ва қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад, тартиб доданд (Замимаи №2).
Моддаи 3
Дар нуқтаи пайвастшавӣ Стела бунёд гардидааст, ки таҷассумгари дӯстии халқҳои се кишвар мебошад, маркази он ба маҳалли координатҳои геодезӣ ва росткунҷаи нуқтаи пайвастшавӣ мувофиқат мекунад.
Стела ва унсурҳои таркиботии он, гузариши хаттҳои сарҳадҳои давлатиро муайян наменамоянд.
Моддаи 4
Шартномаи мазкур бояд мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор гирад ва аз рӯзи мубодилаи тасдиқномаҳо эътибор пайдо менамояд.
Шартномаи мазкур бемуҳлат мебошад ва мавриди бекоркунӣ (денонсатсия) қарор намегирад.
Дар шаҳри Хуҷанд «__» марти соли 2025 дар се нусха, ҳар кадом ба забони тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ ва русӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд, ба имзо расидааст.
Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар тафсири муқаррароти Шартномаи мазкур, Тарафҳои Олимақоми Аҳдкунанда аз матни забони русӣ истифода мебаранд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон
| |
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О проекте Договора между Республикой Таджикистан, Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о точке стыка государственных границ трех государств
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:
1. Одобрить проект Договора между Республикой Таджикистан, Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о точке стыка государственных границ трех государств.
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с кыргызской и узбекской сторонами дату и место подписания настоящего Договора.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе 20 марта 2025 года № 1011
Проект
ДОГОВОР между Республикой Таджикистан, Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о точке стыка государственных границ трех государств
Республика Таджикистан, Кыргызская Республика и Республика Узбекистан, далее именуемые Высокими Договаривающимися Сторонами,
руководствуясь принципами взаимного уважения, суверенного равенства и территориальной целостности,
в целях определения местоположения точки стыка государственных границ трех государств и прохождения линий государственных границ в районе точки стыка,
договорились о нижеследующем:
Статья 1
Высокие Договаривающиеся Стороны определили местоположение точки стыка государственных границ Республики Таджикистан, Кыргызской Республики и Республики Узбекистан (далее - точка стыка).
Республика Таджикистан и Республика Узбекистан определили прохождение линии таджикско-узбекской Государственной границы от пограничной точки №200, указанной в Договоре между Республикой Таджикистан и Республикой Узбекистан о таджикско-узбекской Государственной границе от 5 октября 2002 года, до точки стыка.
Кыргызская Республика и Республика Узбекистан определили прохождение линии кыргызско-узбекской Государственной границы от пограничной точки №459, указанной в Договоре между Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о кыргызско-узбекской Государственной границе от 5 сентября 2017 года, до точки стыка.
Республика Таджикистан и Кыргызская Республика определили прохождение линии таджикско-кыргызской Государственной границы от пограничной точки №161, указанной в Договоре между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой о таджикско-кыргызской Государственной границе от 13 марта 2025 года, до точки стыка.
Местоположение точки стыка и линии государственных границ, примыкающие к точке стыка, нанесены на топографическую карту масштаба 1:10 000, изготовленную для каждой Высокой Договаривающейся Стороны на русском языке, прилагаемую к настоящему Договору и являющуюся его неотъемлемой частью (Приложение № 1).
Координаты и отметки точки высот приведены в Системе координат 1942 года и Балтийской системе высот.
Статья 2
Высокие Договаривающиеся Стороны составили Описание местоположения точки стыка государственных границ Республики Таджикистан, Кыргызской Республики и Республики Узбекистан и прохождения линий государственных границ в районе точки стыка на русском языке, прилагаемое к настоящему Договору и являющееся его неотъемлемой частью (Приложение №2).
Статья 3
На точке стыка возведена Стела, олицетворяющей дружбу народов трех стран, центр которой совпадает по местности с геодезическими и прямоугольными координатами точки стыка.
Стела и ее конструктивные элементы не определяют прохождение линий государственных границ.
Статья 4
Настоящий Договор подлежит ратификации и вступает в силу со дня обмена ратификационными грамотами.
Настоящий Договор является бессрочным и не подлежит денонсации.
Совершено в городе Худжанд « » марта 2025 года в трех экземплярах, каждый на таджикском, кыргызском, узбекском и русском языках, причем все тексты имеют одинаковую юридическую силу.
В случае возникновения разногласий в толковании положений настоящего Договора, Высокие Договаривающиеся Стороны будут использовать текст на русском языке.
За Республику Таджикистан За Кыргызскую Республику За Республику Узбекистан | |