ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки шартии мақсадноки молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки шартии мақсадноки молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.
2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 15 марти соли 2025, № 174
Лоиҳа
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки шартии мақсадноки молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, илм ва техника, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ аз 19 сентябри соли 1995-ро ба роҳбарӣ гирифта,
бо таъкиди таъмини маблағгузории устувори инфрасохтори миллии маориф ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо дар назар доштани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 30 ноябри соли 2021 дар бораи бунёд ва шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардани муассисаҳои таҳсилоти умумии муштараки воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимро бо забони русӣ ба роҳ мондаанд,
...