ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мутақобилан озод намудани кормандони дипломатӣ ва атташеҳои ҳарбии сафоратҳои ду кишвар, инчунин аъзои оилаи онҳо аз пардохти хизматрасониҳои тиббӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мутақобилан озод намудани кормандони дипломатӣ ва атташеҳои ҳарбии сафоратҳои ду кишвар, инчунин аъзои оилаи онҳо аз пардохти хизматрасониҳои тиббӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддоштҳои табодулии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни онҳо тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои ёддоштҳои табодулии мазкурро бо ҷониби Қирғизистон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 11 марти соли 2025, № 169
Лоиҳа
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи эҳтиромгузорӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди будубош ва фаъолият барои намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, шарафёб аст, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешниҳод намояд.
Дар асоси мутақобила кормандони дипломатӣ ва атташеҳои ҳарбии сафоратҳои ду кишвар, инчунин аъзои оилаи онҳоро аз пардохти хизматрасониҳои тиббии аз ҷониби муассисаҳои дахлдори давлатии буҷетии тиббӣ амаликунанда, ба истиснои дандонпизишкӣ ва ҷарроҳиҳои нақшавӣ озод менамояд.
Ҳамзамон пешниҳод менамоем, ки ёддошти мавриди таваҷҷуҳи мазкур ҳамроҳ бо ёддошти мавриди таваҷҷуҳи ҷавобии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон бо тасдиқи чораҳои болозикр аз номи Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳисобида шуда, он аз санаи гирифтани ёддошти ҷавобӣ эътибор пайдо мекунад ва то он лаҳзае амал мекунад, ки яке аз Тарафҳо ба Тарафи дигар огоҳиномаи хаттӣ оид ба нияти қатъи амали ёддоштҳои табодулии мазкурро нафиристад.
Ёддоштҳои табодулии мазкур амали худро пас аз гузаштани як моҳ пас аз санаи аз ҷониби яке аз Тарафҳо гирифтани огоҳиномаи хаттии Тарафи дигар дар бораи нияти қатъ кардани амали ёддоштҳои табодулии мазкур, қатъ менамоянд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин фурсат эҳтироми баланди худро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистои аз нав изҳор менамояд.
...