ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои кории дигар дар соли 2025
Мутобиқи моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар соли 2025 рӯзҳои истироҳати зерин ба рӯзҳои кории дигар гузаронида шаванд:
- аз рӯзи шанбеи 6 сентябр ба рӯзи душанбеи 8 сентябр;
- аз рӯзи шанбеи 1 ноябр ба рӯзи ҷумъаи 7 ноябр.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 121
...