Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, № 971 "Дар хусуси лоиҳаи Низомнома оид ба таъминоти пулӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар хусуси лоиҳаи Низомнома оид ба таъминоти пулӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1.Лоиҳаи Низомнома оид ба таъминоти пулӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» маъқул дониста шавад.

2.Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли ба имзо расонидани Низомномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 феврали соли 2025, № 971
Тарҷумаи ғайрирасмӣ

НИЗОМНОМА «Дар бораи таъминоти пулӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори Котиботи қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»

Давлатҳои иштирокчии қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» (минбаъд – Қолаб) – Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд давлатҳои иштирокчӣ номида мешаванд, дар бораи Низомномаи мазкур, ки тартиб ва шартҳои таъминоти пулӣ, кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои шахсони мансабдори Котиботи қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин»-ро (минбаъд – Котибот) муайян мекунад, ба мувофиқаи зайл расиданд:

1. Дар Низомномаи мазкур ба шахсони мансабдори Котибот шаҳрвандони давлатҳои иштирокчӣ мансубанд, ки дар доираи ҷадвали штатии тасдиқшуда тибқи бурсияҳо ба кор қабул карда мешаванд ва дар давраи муқарраршуда фаъолияти худро амалӣ менамоянд.

2. Фаъолияти шахсони мансабдори Котибот бо бастани шартномаҳое, ки дар асоси Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

3. Шахсони мансабдори Котибот бо тартиби зерин бо музди меҳнат, таъминоти моддӣ ва маишӣ таъмин карда мешаванд:

...

Указ Президента Республики Таджикистан

О проекте Положения о денежном содержании, гарантиях и компенсациях должностных лиц Секретариата Формата «Центральная Азия - Китай»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» п о с т а н о в л я ю:

1. Одобрить проект Положения о денежном содержании, гарантиях и компенсациях должностных лиц Секретариата Формата «Центральная Азия - Китай».

2. Министру финансов Республики Таджикистан подписать настоящее Положение от имени Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Положения.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 27 февраля 2025 года №971

ПОЛОЖЕНИЕ о денежном содержании, гарантиях и компенсациях должностных лиц Секретариата Формата «Центральная Азия – Китай»

Государства-участники Формата «Центральная Азия- Китай» (далее - Формат) - Китайская Народная Республика, Республика Казахстан, Кыргызская Республика, Республика Таджикистан и Республика Узбекистан (далее – государства-участники) согласились о настоящем Положении, определяющим порядок и условия денежного содержания, гарантий и компенсаций должностных лиц Секретариата Формата Центральная Азия – Китай» (далее – Секретариата):

1. В настоящем Положении должностные лица Секретариата относятся к гражданам государств-участников, которые принимаются на работу в рамках утверждённого штатного расписания в соответствии с квотами и осуществляют свою деятельность в течение установленного срока.

2. Организация работы должностных лиц Секретариата осуществляется в соответствии с заключенными на основании настоящего Положения контрактами.

3. Должностным лицам Секретариата предоставляются денежное содержание, материальное и бытовое обеспечение в следующем порядке:

a)выплачивается ежемесячное денежное содержание (далее – должностной оклад) в размере согласно стандартам, предусмотренным Приложением 1 к настоящему Положению, с момента начала исполнения должностных обязанностей, но не ранее вступления в силу контракта;

...