Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, № 970 "Дар хусуси лоиҳаи Низомномаи Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ- Чин»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар хусуси лоиҳаи Низомномаи Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ- Чин»

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Лоиҳаи Низомномаи Котиботи Қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» маъқул дониста шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли ба имзо расонидани Низомномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 феврали соли 2025, № 970

НИЗОМНОМА дар бораи Котиботи Қолаби"Осиёи Марказӣ - Чин"

Бар асоси ҳадафу вазифаҳое, ки дар Эъломияи Сиан аз 19 майи соли 2023 баён шудаанд, Котиботи Қолаби Осиёи Марказӣ - Чин ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва фаъолияти механизмҳои дахлдор таъсис дода мешавад. Низомномаи мазкур вазифаҳо, ваколатҳо, сохтор ва ҳайати Котиботи Қолаби Осиёи Марказӣ – Чин, инчунин ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва мақоми кормандони онро муайян мекунад.

1.Муқаррароти умумӣ

1.1 Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳо чунин маъно доранд:

1.1.1 "Қолаб" - Қолаби "Осиёи Марказӣ - Чин", ки платформаи ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

1.1.2 "Саммит" - Мулоқоти сарони давлатҳои иштирокдори Қолаби "Осиёи Марказӣ - Чин";

1.1.3 "Вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ" – Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии қолаб;

...

Указ Президента Республики Таджикистан

О проекте Положения о Секретариате Формата «Центральная Азия- Китай»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» п о с т а н о в л я ю:

1. Одобрить проект Положения о Секретариате Формата «Центральная Азия - Китай».

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Положения.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 27 февраля 2025 года №970

Положение о Секретариате Формата «Центральная Азия - Китай»

Исходя из целей и задач, изложенных в Сианьской декларации от 19 мая 2023 года, Cекретариат Формата «Центральная Азия - Китай» создается для всестороннего продвижения сотрудничества между государствами Центральной Азии и Китайской Народной Республикой и функционирования соответствующих механизмов. Настоящее Положение определяет функции, полномочия, структуру и состав Секретариата Формата «Центральная Азия - Китай», а также права, обязанности и статус его персонала.

1. Общие положения

1.1. Термины в настоящем Положении означают:

1.1.1. «Формат» - Формат «Центральная Азия - Китай», который является платформой для сотрудничества между Китаем и государствами Центральной Азии.

1.1.2. «Саммит» - Встреча глав государств-участников Формата «Центральная Азия - Китай»;

1.1.3. «Встреча министров иностранных дел» - Встреча министров иностранных дел Формата;

...