Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд аз 28 феврали соли 2025, №118

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2025, №118
тасдиқ шудааст

 

Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд

1. Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд (минбаъд - Тартиби мазкур), ҳаҷм ва тартиби аз ҷониби муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ихтиёран пардохт намудани андози иҷтимоиро муқаррар менамояд.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, барои ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ ба мақомоти андози маҳалли зисти доимиашон тавассути утоқи шахсии андозсупоранда дар низоми ҳамгироии иттилоотии андоз ва (ё) замимаи мобилии «Андози ман» ариза оид ба ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ тибқи шакли замимаи Тартиби мазкур пешниҳод менамоянд.

3. Дар асоси аризаи пешниҳодшуда муҳоҷири меҳнатӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) ба сифати ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда, бо рақами иҷтимоии суғуртавии ройгон таъмин карда мешавад, агар қаблан бо рақами иҷтимоии суғуртавӣ таъмин нашуда бошад.

4. Мақомоти андоз мутобиқи талаботи моддаи 106 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии андози иҷтимоии ихтиёран пардохтшудаи муҳоҷири меҳнатиро дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда таъмин карда, маълумоти дахлдорро ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ирсол менамояд.

5. Андозаи ихтиёран пардохтнамудаи андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, барои як моҳи тақвимӣ на камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

6. Андози иҷтимоии ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо тавассути воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳар моҳ (ё семоҳа, шашмоҳа ва ҳар сол) пардохт карда мешавад.

7. Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ пардохтнамуда мутобиқ ба муқаррароти моддаи 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоб карда мешавад.

8. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур андози иҷтимоиро ихтиёран пардохт менамоянд, пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад.



Утвержден 
постановлением Правительства
Республики Таджикистан 
от 28 февраля 2025 года, №118


Порядок и размер добровольной уплаты социального налога гражданами Республики Таджикистан, являющимися трудовыми мигрантами

1. Порядок и размер добровольной уплаты социального налога гражданами Республики Таджикистан, являющимися трудовыми мигрантами (далее - настоящий Порядок), устанавливает объем и порядок добровольной уплаты социального налога трудовыми мигрантами, являющимися гражданами Республики Таджикистан.

2. Граждане Республики Таджикистан, являющиеся трудовыми мигрантами, могут подать заявление на добровольную уплату социального налога в налоговые органы по месту жительства через личный кабинет налогоплательщика в интегрированной налоговой информационной системе и (или) через мобильное приложение «Мой налог» в соответствии с формой, приведенной в приложении к настоящему Порядку.

3. На основании поданного заявления трудовой мигрант регистрируется в режиме онлайн как добровольный плательщик социального налога и ему бесплатно выдается страховой социальный номер, если ранее такой номер не был выдан.

4. Налоговый орган в соответствии с требованиями статьи 106 Налогового кодекса Республики Таджикистан обеспечивает учет добровольно уплаченного социального налога трудовым мигрантом в личном счете налогоплательщика и передаёт соответствующую информацию в органы социального страхования и пенсий.

5. Размер добровольной уплаты социального налога гражданами Республики Таджикистан, являющимися трудовыми мигрантами, составляет не менее одного расчетного показателя за каждый календарный месяц.

6. Добровольный социальный налог трудового мигранта уплачивается только безналичными расчетами ежемесячно (или ежеквартально, раз в полгода или ежегодно).

7. Пенсия трудовых мигрантов исчисляется из суммы взносов социального страхования, добровольно уплаченных в уполномоченные органы Республики Таджикистан в соответствии с положениями статьи 82 Закона Республики Таджикистан «О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан».

8. От граждан Республики Таджикистан, являющихся трудовыми мигрантами и добровольно уплачивающих социальный налог в соответствии с настоящим Порядком, представлять налоговую декларацию не требуется.