ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 116
...