ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома дар бораи хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома дар бораи хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 112
РАҚАМИ ТАРТИБИИ ЛОИҲА
СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ байни ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ва КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ
аз «__» ________________ соли 202____
СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ
СОЗИШНОМАИ МАЗКУР аз «__» ___________соли 202_ байни:
...