ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ, ободонӣ ва истифодаи Чорроҳаи автомобилгард
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ, ободонӣ ва истифодаи Чорроҳаи автомобилгард маъқул дониста шавад.
2.Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Қирғизистон мувофиқа намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 3 марти соли 2025, № 974
Лоиҳа
Замимаи 5
Ба Протоколи №45 аз 21.02.2025 с.
СОЗИШНОМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифодаи Чорроҳаи автомобилгард
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
муқаррароти Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004 ба роҳбарӣ гирифта,
бо хоҳиши дастгирӣ, рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона дар руҳияи ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд,
...