ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи суратҳисоби махсуси «Фонди тақсими манфиатҳо» аз фурӯши неруи барқи дар «НБО Роғун» истеҳсолшаванда
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- суратҳисоби махсуси «Фонди тақсими манфиатҳо» аз фурӯши неруи барқи истеҳсолшавандаи «НБО Роғун»-ро дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушояд;
- истифодаи маблағҳоро аз суратҳисоби махсуси «Фонди тақсими манфиатҳо» пас аз қабул ва тасдиқ гардидани барномаи тақсимоти муштараки манфиатҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» амалӣ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 157
...