Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 111 "Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Туркия оид ба методологияи омори савдои хориҷӣ ва ҳамкории иттилоотӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Туркия оид ба методологияи омори савдои хориҷӣ ва ҳамкории иттилоотӣ


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Туркия оид ба методологияи омори савдои хориҷӣ ва ҳамкории иттилоотӣ маъқул дониста шавад.

2. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни лоиҳа тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутобиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Протоколи мазкурро бо ҷониби Туркия мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 111

ПРОТОКОЛ БАЙНИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ОИД БА МЕТОДОЛОГИЯИ ОМОРИ САВДОИ ХОРИҶӢ ВА ҲАМКОРИИ ИТТИЛООТӢ

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдои Ҷумҳурии Туркия, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо дарназардошти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ёрии мутақобила байни хадамоти гумруки Тарафҳо, ки дар Анқара 17 сентябри соли 1998 ба имзо расидааст,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Протокола между Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и Министерством торговли Турецкой Республики о методологии статистики внешней торговли и информационном сотрудничестве

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Протокола между Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и Министерством торговли Турецкой Республики о методологии статистики внешней торговли и информационном сотрудничестве.

2. Начальнику Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан подписать настощий Протокол и при необходимости внести его в текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с турецкой стороной дату и место подписания настоящего Протокола.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №111


Прилагается на тадж.яз


...