ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ёрии ҳамдигарии маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар бораи ёрии ҳамдигарии маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ маъқул дониста шавад.
2. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Туркия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 105
СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲАМДИГАРИИ МАЪМУРӢ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ГУМРУКӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд;
бо дарназардошти пешгирии зарар ба манфиатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ (фискалӣ), иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва саломатии ҷомеаи кишварҳо, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ расонида мешавад,
...