ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
1. Собиқ бинои универмаги «Боми ҷаҳон», воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 60 аз моликияти коммуналии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ба тавозуни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, №8-ф
...