Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 142 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.

2. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Россия сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 142

Лоиҳа

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о создании индустриального парка на территории Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о создании индустриального парка на территории Республики Таджикистан.

2. Министру промышленности и новых технологий Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с российской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

 

Председатель
Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №142
Проект

СОГЛАШЕНИЕ между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о создании индустриального парка на территории Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Российской Федерации, в дальнейшем именуемые Сторонами,

отмечая наличие существенного потенциала для развития и повышения эффективности двустороннего сотрудничества в области промышленности, улучшения инвестиционных возможностей и обеспечения благоприятных условий для установления и развития промышленной и инвестиционной кооперации между хозяйствующими субъектами государств Сторон,

...