ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 99
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с. 2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод.384, мод.385, №12, қ.2, мод.686, мод.687, мод.688, мод.689; с.2022, №1-3, мод.12, №7, мод.443, №12, қ.2, мод.768; с.2023, №4-6, мод.155, №11, мод.459; с.2024, №1-2, мод.4, №5-6, мод.253; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2087), моддаи 6061 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 6061. Риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо
1. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, соҳибкорони инфиродӣ аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои саркашӣ намудан аз рамзгузории электронии молҳо, бе рамзгузории электронии молҳо ба фурўш баровардани молҳо ё қалбакӣ омода намудани рамзгузории молҳо
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, соҳибкорони инфиродӣ аз сад то яксаду бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №99
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. Дополнить Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст.153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, ст.144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст.1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст.132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст.877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст.312, ст.313, №7, ст.464; 2020 г., №1, ст.6, №7-9, ст.604, ст.606, ст.621, №12, ст.900, ст.901; 2021 г., №6, ст.384, ст.385, №12, ч.2, ст.686, ст.687, ст.688, ст.689; 2022 г., №1-3, ст.12, №7, ст. 443, №12, ч.2, ст.768; 2023 г., №4-6, ст.155, №11, ст.459; 2024 г., №1-2, ст.3, ст.4; №5-6, ст.253; Закон Республики Таджикистан от 13 ноября 2024, №2087) дополнить статьей 6061 следующего содержания:
«Статья 6061. Несоблюдение порядка электронного кодирования товаров участниками операций с товарами и операторами по отслеживанию товарооборота
1. Несоблюдение порядка электронного кодирования товаров участниками товарооборота на территории Республики Таджикистан
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от двадцати до тридцати, индивидуальных предпринимателей от сорока до пятидесяти и юридических лиц от восьмидесяти до ста показателей для расчетов.
2. Уклонение от электронного кодирования товаров, реализация товаров без электронного кодирования товаров или изготовление поддельного кодирования товаров
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от двадцати до тридцати, должностных лиц от сорока до пятидесяти, индивидуальных предпринимателей от пятидесяти до шестидесяти, юридических лиц от ста до ста двадцати показателей для расчетов.
3. Несоблюдение порядка электронного кодирования товаров операторами по отслеживанию товарооборота и процесса их контроля
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от пятидесяти до шестидесяти и юридических лиц от ста двадцати до ста пятидесяти показателей для расчетов.
4. Повторное совершение правонарушения, предусмотренного частями первой, второй и третьей настоящей статьи,
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от сорока до пятидесяти, должностных лиц от шестидесяти до восьмидесяти, индивидуальных предпринимателей от ста до ста двадцати и юридических лиц от ста тридцати до ста пятидесяти показателей для расчетов.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие по истечении 1 месяца со дня его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан