Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1309
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
170.110.000.
Мутобиқи банди 8 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ якҷо бо шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмии фармоиши мазкурро таъмин намоянд.
3. Ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи фармоиши мазкур ба роҳ монанд.
4. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир-сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро
ш. Душанбе, аз 16 сентябри соли 2024 № 1061
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 18 октября 2024 года,
регистрационный номер 1309
МИНИСТР ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Порядке приема иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждения высшего профессионального образования Республики Таджикистан
170.110.000.
В соответствии с пунктом 8 Положения о Министерстве образования и науки Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить порядок приема иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждения высшего профессионального образования Республики Таджикистан (прилагается).
2. Ректорам (директорам) учреждений высшего профессионального образования Республики Таджикистан осуществлять приём иностранных граждан и лиц без гражданства в учреждения высшего профессионального образования Республики Таджикистан в соответствии с требованиями настоящего распоряжения.
3. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
4. Контороль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра – куратора отрасли.
Министр образования и науки
Республики Таджикистан Саидзода Рахим Хамро
г. Душанбе, от 16 сентября 2024 года, №1061