×

Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз 7 майи соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 15 январи соли 2025, № 1553
тасдиқ шудааст

 

ШАРТНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ МАЛАЙЗИЯ ДАР БОРАИ ЁРИИ МУТАҚОБИЛАИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аа Ҳукумати Малайзия (ки алоҳидагӣ “Тараф” ва дар якҷоягӣ “Тарафҳо” номида мешаванд),

бо хоҳиши баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тарафҳо дар самти таъқиб ва тафтиши ҷиноятҳо, инчунин пайгирӣ, ба ҳабс гузоштан ва мусодира намудани даромад ва олоти ҷиноят тавассути ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

МОДДАИ 1 ДОИРАИ ТАТБИҚ 

1. Тарафҳо дар асоси ин Шартнома ва тибқи қонунгузории хеш ба якдигар доираи васеи ҳамкориҳоро дар самти таҳқиқ, тафтишот ва мурофиаи судӣ нисбат ба ҷиноятҳое, ки Тарафи дархосткунанда ҳангоми ирсол намудани дархост ба он ваколатдор мебошад, пешкаш менамоянд.

2. Ёрии мутақобилае, ки тибқи ин Шартнома расонида мешавад, инҳоро дар бар гирад:

а) гирифтани далелҳо ё баёноти шахсон;

...
Утвержден постановлением
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 15 января 2025 года, №1553

Договор между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Малайзии о взаимной правовой помощи по уголовным делам


Прилагается на тадж.яз


...