ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими ҳиссаи буҷети ҷумҳуриявӣ дар назди фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва таъмини хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати танзими ҳиссаи буҷети ҷумҳуриявӣ дар назди фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби бақияи суратҳисоби суди саҳмияҳои давлатӣ 43100000 (чилу се миллиону сад ҳазор) сомонӣ, ки аз ҳисоби уҳдадориҳои молиявии солҳои 2022-2023 ворид гардидаанд, ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт интиқол диҳад;
- аз ҳисоби маблағҳои фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 43100000 (чилу се миллиону сад ҳазор) сомонӣ барои пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ ҷудо намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 14 феврали соли 2025, № 90
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О регулировании доли республиканского бюджета в стабилизационном фонде развития экономики и обеспечения обслуживания внешнего государственного долга
В соответствии со статьей 22 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Министерству финансов Республики Таджикистан:
- направить в стабилизационный фонд развития экономики 43100000 (сорок три миллиона сто тысяч) сомони за счет остатка расчетного счета дивидендов государственных акций, поступивших за счет финансовых обязательств 2022-2023 годов, для регулирования доли республиканского бюджета в стабилизационном фонде развития экономики;
- за счет средств стабилизационного фонда развития экономики выделить 43100000 (сорок три миллиона сто тысяч) сомони на покрытие дефицита республиканского бюджета для обслуживания внешнего государственного долга.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Г. Душанбе, от 14 февраля 2025 года, №90