ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 декабри соли 2024, № 703
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ. 1, мод.828; с.2012, №12, қ. 1, мод. 1006; с.2015, №11, мод.972; с.2016, №5, мод.370; с.2019, №1, мод.33, №7, мод.475; с.2020, №1, мод.27; с.2023, №3, мод.4) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Хусусияти бақайдгирии давлатӣ вобаста ба шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиётҳо бо асъори хориҷӣ, фаъолияти оператори низоми пардохт ва суғуртавӣ анҷом медиҳанд, бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
2. Дар моддаи 2:
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бақайдгирии электронӣ - пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби аризадиҳанда барои бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва қатъ намудани фаъолият, ки дар натиҷаи он аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ дода мешавад;»;
- дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои «анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ» илова карда шаванд;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- молик-бенефитсиар - шахс(шахсон)-и воқеие, ки бевосита ё бавосита (тавассути шахсони сеюм, аз ҷумла тавассути силсилаи соҳибият) соҳиби ҳуқуқи моликият (соҳиби иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ) мебошад (мебошанд) ё муштариро воқеан назорат мекунад (мекунанд), ё шахси воқеие, ки аз ном ё ба манфиати ӯ амалиёт (аҳд) анҷом дода мешавад, инчунин шахс (шахсон)-и воқеие, ки шахси ҳуқуқӣ ё созмони ҳуқуқии хориҷиро назорат мекунад (мекунанд);».
3. Дар моддаи 4:
- дар банди 1) қисми 3 калимаҳои «се рӯзи корӣ» ва «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 5:
- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5) фаъолияти мақомоти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро дар самти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд;»;
- банди 5) мувофиқан банди 6) ҳисобида шавад.
5. Дар қисми 2 моддаи 9 калимаҳои «як рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «дархости хаттӣ» калимаҳои «дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ» илова карда шаванд:
6. Дар моддаи 11:
- дар банди 4) қисми 1 пас аз калимаҳои «дорандаи феҳристи саҳмдорон» аломат на калимаҳои «, нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот дар бораи молик-бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳо ва рақамҳои «банди 5 қисми 1» ба калимаҳо ва рақамҳои «банди 6 қисми 1» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 22:
- дар банди 5) аломати нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- банди 6) хориҷ карда шавад.
8. Дар қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «се рӯзи корӣ» ба рақам ва калимаи «24 соат» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 декабря 2024 года №703
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ ЮРИДИЧЕСКИХ ЛИЦ И ИНДИВИДУАЛЬНЫХ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЕЙ»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей» от 19 мая 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009г., №5, ст.316; 2010г., №12, ч.1, ст.828; 2012г., №12, ч.1, ст.1006; 2015г., №11, ст.972; 2016г., №5, ст.370; 2019г., №1, ст.33, №7, ст.475; 2020г,, №1, ст.27; 2023г., №3 ст. 4) следующие изменения и дополнения:
- Статью 1 дополнить частью 4 следующего содержания:
«4. Особенности государственной регистрации юридических лиц, осуществляющих деятельность по банковским операциям, в том числе исламских банков, операции в иностранной валюте, деятельность оператора платёжной и страховой системы осуществляется с учетом требований законодательства Республики Таджикистан.».
- В статье 2:
- дополнить абзацем вторым следующего содержания:
«- электронная регистрация - электронная подача документов заявителем для государственной регистрации создания, внесения изменений и дополнений в Единый государственный реестр и прекращения деятельности, в результате которого органами осуществляющими государственную регистрацию, выдаётся документ государственной регистрации в электронном виде;»;
- абзац третий после слова «осуществляющим государственную регистрацию» дополнить словами «в бумажной или электронной форме;»;
- абзац восьмой изложить в следующей редакции:
«- бенефициарный собственник физическое(ие) лицо (лица), которое(ые) прямо или косвенно (через третьих лиц, в том числе через цепочку владения) владсет(ют) правом собственности имеет(ют) преобладающее участие в капитале клиента) или реально контролирует( ют) клиента, либо физическое лицо, от имени или в интересах которого совершается операция (сделка), а также физическое(ие) лицо (лица), контролирующее(ие) юридическое лицо или иностранное юридическое образование.».
- В статье 4:
- в пункте 1) части 3 слова «трех рабочих дней» и «одного рабочего дня» заменить цифрой и словами «24 часа»;
- в части 4 слова «одного рабочего дня» заменить цифрой и словом «24 часа».
- В части 1 статьи 5:
- дополнить пунктом 5) следующего содержания:
«5) регулирует деятельность налоговых органов Горно- Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов по государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей;»;
- пункт 5) соответственно считать пунктом 6.
- В части 2 статьи 9 слова «одного рабочего дня» заменить цифрой и словом «24 часа» и после слов «письменного запроса» дополнить словами «в бумажной или электронной форме;»,
- В статье 11:
- пункт 4) части 1 после слов «держатель реестра акционеров» дополнить знаком и словами «копия документа, подтверждающего сведения о собственнике-бенефициаре юридического лица»;
- в части 5 слова и цифры «абзац 5, часть 1» заменить словами и цифрами «абзац 6, часть 1;».
- В статье 22:
- в пункте 5) знак точки с запятой «;» заменить знаком точки;
- пункт 6) исключить,
- В части 2 статьи 33 слова «трех рабочих дней» заменить цифрой и словом «24 часа;».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан