Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2025, № АП-743

Санаи амалкуни: 10.02.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1787500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 10 феврали соли 2025, № АП-743

Распоряжение

Президента Республики Таджикистан

  1. Министерству финансов Республики Таджикистан за счёт средств резервного фонда Президента Республики Таджикистан в 2025 году выделить Комитету по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан 1787 500 (один миллион семьсот восемьдесят семь тысяч пятьсот) сомони для награждения 46 победителей и призёров международных спортивных соревнований и их тренеров в соответствии с приложенным списком.
  2. Комитету по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременное и целевое использование выделенных средств и представить в Министерство финансов Республики Таджикистан отчёт о произведённых расходах.
Президент
Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон


г.Душанбе 10 февраля 2025 года №РП-743