Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2025, № 1548 "Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар»


 Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар», ки 1 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода


ш. Душанбе, аз 15 январи соли 2025, № 1548

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Кредитного соглашения между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по проекту «Улучшение системы водоснабжения в городе Бохтар»

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Кредитное соглашение между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по проекту «Улучшение системы водоснабжения в городе Бохтар», подписанное 1 октября 2024 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Европейский Банк Реконструкции и Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.



Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан            М.Зокирзода

г. Душанбе, от 15 января 2025 года, №1548