Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2025, № 72 "Дар бораи лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019

Мутобиқи моддаҳои 11, 12, 13 ва 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва банди 3.2. моддаи 3 созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе», аз 12 декабри соли 2019 маъқул дониста шавад.

2. Номгӯй ва миқдори молҳои аз ҷониби Консорсиуми сармоягузорон барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки пас аз тасдиқ гардидани созишномаи иловагии мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озода карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи иловагии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Консорсиуми сармоягузорон сана ва маҳалли имзои созишномаи иловагии мазкурро мувофиқа намояд.

5. Созишномаи иловагии мазкур пас аз ба имзо расидан барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва сари вақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳои воридшавандаро таъмин намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 27 январи соли 2025, № 72

Ниг. ба Замимаи 1


Ниг. ба Замимаи 2 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте дополнительного соглашения к инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года

В соответствии со статьями 11, 12, 13 и 17 Закона Республики Таджикистан «Об инвестиционном соглашении» и пунктом 3.2 статьи 3 инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект дополнительного соглашения к инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью «Авесто Гурух», Открытого акционерного общества «Таджикгидроэлектромонтаж» и Общества с ограниченной ответственностью микродепозитная организация «Душанбе Сити» о реализации проекта «Автоматизированная система контроля и учёта электроэнергии в городе Душанбе» от 12 декабря 2019 года.

2. Утвердить Перечень и количество товаров, ввозимых Консорциумом инвесторов для реализации проекта в Республики Таджикистан освобождаемых от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины после ратификации настоящего дополнительного соглашения (прилагается).

3. Председателю Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан подписать настоящее дополнительное соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Консорциумом инвесторов дату и место подписания настоящего дополнительного соглашения.

5. Настоящее дополнительное соглашение после его подписания направить в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан для ратификации.

6. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить в установленном порядке проведение таможенного оформления и контроль ввозимых товаров.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 27 января 2025 года №72