бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1996,
№ 233 тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМА ДАР БОРАИ ФОНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТАҲҚИҚОТИ ФУНДАМЕНТАЛӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.05.2003
№ 230, аз 04.10.2005 № 384)
I. ҚОИДАИ УМУМӢ
1. Ин низомнома мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 таҳти рақами 422 мураттаб шуда, шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсис ва татбиқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунедиро муқаррар мекунад.
2. Фонди Президентии таҳқиқоти фундаменталӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Фонд) барои баланд бардоштани тараққиёти самарабахши хоҷагии халқ бо роҳи интихоб ва ҷорӣ намудани роҳҳои беҳтарини фаъолияти иноватсионӣ дар асоси маблағгузории мақсаднок баҳри таҳқиқоти бунёдӣ, ки барои тараққиёти Тоҷикистон аҳамияти оянда дорад, таъсис шуда аст.
Фонд дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ҷамъиятию давлатӣ мебошад.
3. Фонд дар ҷараёни фаъолияташ Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун, оиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнонаро ба рохбарӣ мегирад.
4. Маблағи Фонд ба тариқи зер ташкил меёбад:
- аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурӣ ҷудо кардани маблағ, ки барои илм, ба миқдори 3 фоиз пешбинӣ шудааст;
- ёрии мақсадноки пулӣ, идораҳо ва дигар органҳои идороти давлатӣ;
- ихтиёран ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби даромади корхонаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо;
- пардохти мақсадноки супоришгарон, ки барои гузаронидани таҳқиқоти оиди роҳҳои конкретии илмӣ ва проблемаҳо;
- маблағҳои хайрияи ташкилотҳои ҷумҳурию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида.
II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ФОНД
5. Дар асоси таҳлили сатҳи илмии Ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ Шӯрои Фонд, мавзӯи таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз ҳисоби Фонд бо маблағ таъмин карда мешавад, муайян мекунад. Дар айни ҳол Фонд афзалияти роҳҳои Қҷм ва пешрафти илмию техникиро дар Ҷумҳурӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад, ба эътибор мегирад.
6. Самтҳои асосии фаъолияти Фонд иборат аст:
- ташкили гранти таҳқиқотҳои бунедӣ, самтҳои ташаббускорӣ, ҷустуҷӯӣ ва аз ҷумлаи пешниҳодоти ташкилоту муассисаю коллективҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ, олимон ва мутахассисони алоҳида ва инчунин барномаҳои илмию техникии мақсадноки ҷумҳуриявӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи мустақил интихоб карда мешаванд;
- ба таҳияи барномаҳо барои тайёр кардани кадрҳо оид ба пешомадҳои илму техника, ҳамчунин тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси мутахассисон дар мамлакатҳои хориҷӣ мусоидат намудан;
- барои ташкил намудани потенсиали илмию техникӣ ба марказҳои илмии минтақавӣ мусоидат кардан;
- барои ташкил намудани таҳқиқоти якҷоя дар асоси барномаҳои илмии байналхалқӣ бо самтҳои нави илмӣ таракқи додани робитаҳои байналхалқӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ.
III. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ТАҚСИМИ МАБЛАҒИ ФОНД
7. Маблағгузарӣ ба корҳои бунедӣ аз ҳисоби Фонд дар асоси ба тариқи конкурс интихоб намудан ва гузаронидани экспертизаи мустақил сурат мегирад.
8. Маблағи Фонд дар асоси пешниҳоди Шӯрои Фонд ва аз рӯи шартномае, ки байни супоришгарон ва шахсони юридикӣ-иҷрокунандагони кор баста шудааст, тақсим карда мешавад. Ашхоси юридикӣ баъди анҷом додани кор, дар бораи масрафи маблағи ҷудокарда шуда ҳисобот медиҳад.
9. Маблағгузории корҳо аз ҳисоби Фонд бо таъиноти мақсаднок дар мӯҳлати ду сол сурат мегирад.
10. Маблағгузорӣ бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси шартномаҳое, ки бо Вазорати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Шӯроҳои экспертӣ тавсия шуда, шӯрои Фонд онро тасдиқ кардааст, ба иҷро мерасад.
IV. ИДОРОТИ ФОНД
11. Органи олии идороти Фонд Шӯро мебошад. Ҳайати Шӯро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати панҷ сол тасдиқ мешавад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати мазкур ҳайати Шӯро на камтар аз се як ҳиссаи он иваз карда мешавад.
12. Вазифаҳои Фонд аз инҳо иборат:
- мавзӯи таҳқиқоти бунёдии илмиро барои маблағгузорӣ аз Фонд муайян мекунад;
- шартҳои озмунро муайян намуда, дар бораи маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз озмун гузаштааст, қарор қабул мекунад;
- маблағҳои Фондро тақсим намуда, истифодабарии онҳоро назорат намуда, Фондро дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла созмонҳои байналхалқӣ, пешниҳод мекунад;
- ҳисоботи яксолаи илмиро қабул мекунад (то 10 декабри соли ҷорӣ). Шӯрои Фонд ҳар сол дар бораи давомот ё қатъи кор тавсияномае қабул мекунад.
13. Ба кори Шӯрои Фонд раиси Шӯрои Фонд роҳбарӣ мекунад, дар ҳини набуданаш ҷонишини раиси Шӯрои Фонд вазифаи ӯро иҷро менамояд. Агар дар маҷлиси Шӯро аз се ду ҳиссаи аъзоёни он иштирок намоянд, вай ҳуқуқи комил пайдо мекунад. Қарори Шӯро бо аксарияти овоз қабул карда мешавад. Агар миқдори овозҳо баробар бошад, овози Раис ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Маҷлиси Шӯро ба тариқи кушод мегузарад ва бо протокол ба расмият гирифта мешавад.
14. Кори ҷории Фондро дастгоҳи Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад ва он:
- талабномаҳо, дархостҳое, ки аз муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, аз коллективҳо ва олимони алоҳида, аз ҷумла хориҷа, ки барои маблағгузории таҳқиқоти бунёдӣ қабул мекунад, онҳоро барои дар маҷлисҳои Шӯрои Фонди Президентӣ дида баромадан тайёр мекунад;
- озмун мегузаронад, талабномаҳои дохилшударо мустақилона месанҷад ва ба Шӯрои Фонд ҳаҷми маблағро, ки барои маблағгузорӣ зарур аст, таклифнома тайёр мекунад;
- аз болои иҷрокунандагони мӯҳлати корҳо, инчунин мувофиқи мақсад истифода кардани маблағҳои ҷудокардашаванда назорат мебарад;
- ҳисоботро оид ба истифода бурдани сметаи хароҷоти даромадҳои фонд ба Совети Фонд пешниҳод мекунад, коргузории Шӯрои Фонди Президентро иҷро мекунад;
15. Ҳисобу китоби маблағи Фонд аз ҷониби Идораи сиёсати илмию техникӣ ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоии Вазорати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ иҷро карда мешавад.
V. ЭКСПЕРТИЗА ВА НАЗОРАТ БАРОИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ БАРНОМАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДӢ
16. Натиҷаҳои фосилавии кор аз рӯи мавзӯъҳои дар барномаи таҳқиқотҳои бунёдӣ барои нимсола ва солона дохил карда шуда, инчунин масъалаи харҷи маблағҳои молиявӣ, ки барои амалӣ намудани барнома ҷудо карда шудааст, аз ҷониби Шӯроҳои илмии ташкилотҳо, иҷрокорони барнома муҳокима карда мешавад. Дар айни замон ба дараҷаи илмӣ, навгонӣ ва дурустии донишҳои нави ба даст оварда шуда, оид ба моҳияти ҳодисоту қонуният дар табиат баҳо дода мешавад. Аз рӯи натиҷаи кор дар бораи идомот ва маблағгузорӣ дар доираи барномаи таҳқиқоти бунёдӣ таклифот пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми дида баромадани натиҷаҳои кор аз рӯи барномаҳои ташкилотҳо иҷрокорон дар баъзе мавридҳои сабабнок (паст будани сатҳи таҳқиқот, халалдор шудани мӯҳлати иҷрои кор ва ғайра) доир ба қатъ намудани маблағгузорӣ, кор оиди баъзе мавзӯҳои барнома ба Шӯрои Фонд таклиф пешниҳод мекунад. Шӯроҳои экспертӣ, ки аз ҷониби Шӯрои Фонд ташкил карда мешавад, таклифҳоро дида мебароянд. Тавсияҳое, ки онон омода мекунанд, барои қабули ҳалли охирин ба Шӯрои Фонд гузошта мешавад;
Шӯроҳои экпертӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ташкилшавии онҳо ва дар амал ҷорӣ гардидани барномаҳои таҳқиқоти бунёдӣ экспертизаи давлатӣ мегузаронанд.
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1996
№ 233тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ Шӯрои Фонди Президентии таҳқиқоти фундаменталӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои фонд (№ 384)
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Шӯрои фонд
Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Мудири Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
Котиби илмии Шӯрои фонд (№ 384)
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1996,
№ 233 тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМА ДАР БОРАИ ФОНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТАҲҚИҚОТИ ФУНДАМЕНТАЛӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.05.2003
№ 230)
I. ҚОИДАИ УМУМӢ
1. Ин низомнома мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 таҳти рақами 422 мураттаб шуда, шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсис ва татбиқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунедиро муқаррар мекунад.
2. Фонди Президентии таҳқиқоти фундаменталӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Фонд) барои баланд бардоштани тараққиёти самарабахши хоҷагии халқ бо роҳи интихоб ва ҷорӣ намудани роҳҳои беҳтарини фаъолияти иноватсионӣ дар асоси маблағгузории мақсаднок баҳри таҳқиқоти бунёдӣ, ки барои тараққиёти Тоҷикистон аҳамияти оянда дорад, таъсис шуда аст.
Фонд дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ҷамъиятию давлатӣ мебошад.
3. Фонд дар ҷараёни фаъолияташ Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун, оиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнонаро ба рохбарӣ мегирад.
4. Маблағи Фонд ба тариқи зер ташкил меёбад:
- аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурӣ ҷудо кардани маблағ, ки барои илм, ба миқдори 3 фоиз пешбинӣ шудааст;
- ёрии мақсадноки пулӣ, идораҳо ва дигар органҳои идороти давлатӣ;
- ихтиёран ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби даромади корхонаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳо;
- пардохти мақсадноки супоришгарон, ки барои гузаронидани таҳқиқоти оиди роҳҳои конкретии илмӣ ва проблемаҳо;
- маблағҳои хайрияи ташкилотҳои ҷумҳурию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида.
II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ФОНД
5. Дар асоси таҳлили сатҳи илмии Ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ Шӯрои Фонд, мавзӯи таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз ҳисоби Фонд бо маблағ таъмин карда мешавад, муайян мекунад. Дар айни ҳол Фонд афзалияти роҳҳои Қҷм ва пешрафти илмию техникиро дар Ҷумҳурӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад, ба эътибор мегирад.
6. Самтҳои асосии фаъолияти Фонд иборат аст:
- ташкили гранти таҳқиқотҳои бунедӣ, самтҳои ташаббускорӣ, ҷустуҷӯӣ ва аз ҷумлаи пешниҳодоти ташкилоту муассисаю коллективҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ, олимон ва мутахассисони алоҳида ва инчунин барномаҳои илмию техникии мақсадноки ҷумҳуриявӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи мустақил интихоб карда мешаванд;
- ба таҳияи барномаҳо барои тайёр кардани кадрҳо оид ба пешомадҳои илму техника, ҳамчунин тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси мутахассисон дар мамлакатҳои хориҷӣ мусоидат намудан;
- барои ташкил намудани потенсиали илмию техникӣ ба марказҳои илмии минтақавӣ мусоидат кардан;
- барои ташкил намудани таҳқиқоти якҷоя дар асоси барномаҳои илмии байналхалқӣ бо самтҳои нави илмӣ таракқи додани робитаҳои байналхалқӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ.
III. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ТАҚСИМИ МАБЛАҒИ ФОНД
7. Маблағгузарӣ ба корҳои бунедӣ аз ҳисоби Фонд дар асоси ба тариқи конкурс интихоб намудан ва гузаронидани экспертизаи мустақил сурат мегирад.
8. Маблағи Фонд дар асоси пешниҳоди Шӯрои Фонд ва аз рӯи шартномае, ки байни супоришгарон ва шахсони юридикӣ-иҷрокунандагони кор баста шудааст, тақсим карда мешавад. Ашхоси юридикӣ баъди анҷом додани кор, дар бораи масрафи маблағи ҷудокарда шуда ҳисобот медиҳад.
9. Маблағгузории корҳо аз ҳисоби Фонд бо таъиноти мақсаднок дар мӯҳлати ду сол сурат мегирад.
10. Маблағгузорӣ бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси шартномаҳое, ки бо Вазорати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Шӯроҳои экспертӣ тавсия шуда, шӯрои Фонд онро тасдиқ кардааст, ба иҷро мерасад.
IV. ИДОРОТИ ФОНД
11. Органи олии идороти Фонд Шӯро мебошад. Ҳайати Шӯро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати панҷ сол тасдиқ мешавад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати мазкур ҳайати Шӯро на камтар аз се як ҳиссаи он иваз карда мешавад.
12. Вазифаҳои Фонд аз инҳо иборат:
- мавзӯи таҳқиқоти бунёдии илмиро барои маблағгузорӣ аз Фонд муайян мекунад;
- шартҳои озмунро муайян намуда, дар бораи маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз озмун гузаштааст, қарор қабул мекунад;
- маблағҳои Фондро тақсим намуда, истифодабарии онҳоро назорат намуда, Фондро дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла созмонҳои байналхалқӣ, пешниҳод мекунад;
- ҳисоботи яксолаи илмиро қабул мекунад (то 10 декабри соли ҷорӣ). Шӯрои Фонд ҳар сол дар бораи давомот ё қатъи кор тавсияномае қабул мекунад.
13. Ба кори Шӯрои Фонд раиси Шӯрои Фонд роҳбарӣ мекунад, дар ҳини набуданаш ҷонишини раиси Шӯрои Фонд вазифаи ӯро иҷро менамояд. Агар дар маҷлиси Шӯро аз се ду ҳиссаи аъзоёни он иштирок намоянд, вай ҳуқуқи комил пайдо мекунад. Қарори Шӯро бо аксарияти овоз қабул карда мешавад. Агар миқдори овозҳо баробар бошад, овози Раис ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Маҷлиси Шӯро ба тариқи кушод мегузарад ва бо протокол ба расмият гирифта мешавад.
14. Кори ҷории Фондро дастгоҳи Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад ва он:
- талабномаҳо, дархостҳое, ки аз муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, аз коллективҳо ва олимони алоҳида, аз ҷумла хориҷа, ки барои маблағгузории таҳқиқоти бунёдӣ қабул мекунад, онҳоро барои дар маҷлисҳои Шӯрои Фонди Президентӣ дида баромадан тайёр мекунад;
- озмун мегузаронад, талабномаҳои дохилшударо мустақилона месанҷад ва ба Шӯрои Фонд ҳаҷми маблағро, ки барои маблағгузорӣ зарур аст, таклифнома тайёр мекунад;
- аз болои иҷрокунандагони мӯҳлати корҳо, инчунин мувофиқи мақсад истифода кардани маблағҳои ҷудокардашаванда назорат мебарад;
- ҳисоботро оид ба истифода бурдани сметаи хароҷоти даромадҳои фонд ба Совети Фонд пешниҳод мекунад, коргузории Шӯрои Фонди Президентро иҷро мекунад;
15. Ҳисобу китоби маблағи Фонд аз ҷониби Идораи сиёсати илмию техникӣ ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоии Вазорати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ иҷро карда мешавад.
V. ЭКСПЕРТИЗА ВА НАЗОРАТ БАРОИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ БАРНОМАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДӢ
16. Натиҷаҳои фосилавии кор аз рӯи мавзӯъҳои дар барномаи таҳқиқотҳои бунёдӣ барои нимсола ва солона дохил карда шуда, инчунин масъалаи харҷи маблағҳои молиявӣ, ки барои амалӣ намудани барнома ҷудо карда шудааст, аз ҷониби Шӯроҳои илмии ташкилотҳо, иҷрокорони барнома муҳокима карда мешавад. Дар айни замон ба дараҷаи илмӣ, навгонӣ ва дурустии донишҳои нави ба даст оварда шуда, оид ба моҳияти ҳодисоту қонуният дар табиат баҳо дода мешавад. Аз рӯи натиҷаи кор дар бораи идомот ва маблағгузорӣ дар доираи барномаи таҳқиқоти бунёдӣ таклифот пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми дида баромадани натиҷаҳои кор аз рӯи барномаҳои ташкилотҳо иҷрокорон дар баъзе мавридҳои сабабнок (паст будани сатҳи таҳқиқот, халалдор шудани мӯҳлати иҷрои кор ва ғайра) доир ба қатъ намудани маблағгузорӣ, кор оиди баъзе мавзӯҳои барнома ба Шӯрои Фонд таклиф пешниҳод мекунад. Шӯроҳои экспертӣ, ки аз ҷониби Шӯрои Фонд ташкил карда мешавад, таклифҳоро дида мебароянд. Тавсияҳое, ки онон омода мекунанд, барои қабули ҳалли охирин ба Шӯрои Фонд гузошта мешавад;
Шӯроҳои экпертӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ташкилшавии онҳо ва дар амал ҷорӣ гардидани барномаҳои таҳқиқоти бунёдӣ экспертизаи давлатӣ мегузаронанд.
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июни соли 1996
№ 233тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ Шӯрои Фонди Президентии таҳқиқоти фундаменталӣ
РАҲМОНОВ Э.Ш. – Раиси Шӯрои фонд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
МИРСАИДОВ У.М. - ҷонишини Раиси Шӯрои фонд, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЪЗОИ ШӮРО:
НАЗАРОВ Т.- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 230)
РАҶАБОВ С. - Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАЙЗУЛЛОЕВ Н. - Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
УСМОНОВ И.К. - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
АБИБУЛЛОЕВ Н. - муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
САЙФИЕВ М.Н. - муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
САНГИНОВ Б. - президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафиев Ҳ. - ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
КАРИМОВ Х.Ҳ. - ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОМИЛОВ С.К. - директори Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
МИРОҶОВ Ғ.Қ. - академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАҶАБОВ Н.Р. - академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физика ва математика, химия ва геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚУРБОНОВ А.Ш. - муовини мудири Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 230)