ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Доминика мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 15 январи соли 2025, № 30
Лоиҳа
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан озод намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ
...