ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб вобаста ба лоиҳаи НБО-и Роғун
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб вобаста ба лоиҳаи НБО-и Роғун, ки 18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Арабро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 8 январи соли 2025, № 1526
РАҚАМИ ҚАРЗ:
СОЗИШНОМАИ ҚАРЗӢ ЛОИҲАИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФОНДИ КУВАЙТИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ АРАБ
САНА: /......../.
...