Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, № 1526 "Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб вобаста ба лоиҳаи НБО-и Роғун"

Санаи амалкуни: 08.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб вобаста ба лоиҳаи НБО-и Роғун

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Араб вобаста ба лоиҳаи НБО-и Роғун, ки 18 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Фонди Кувайтии Рушди Иқтисоди Арабро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 8 январи соли 2025, № 1526

 


ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Кредитного соглашения между Республикой Таджикистан и Кувейтским Фондом Арабского Экономического Развития по проекту Рогунской ГЭС

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан и статьей 11 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Кредитное соглашение между Республикой Таджикистан и Кувейтским Фондом Арабского Экономического Развития по проекту Рогунской ГЭС, подписанное 18 декабря 2024 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Кувейтский Фонд Арабского Экономического Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

  

г.Душанбе, 8 января 2025 года, №1527