ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муминзод К.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муминзод Камолиддин Рамазон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 7 январи соли 2025, № 4
...