Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 690 "Дар бораи лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019

Мутобиқи моддаҳои 6, 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Лоиҳаи созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 маъқул дониста шавад.
  2. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи иловагии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» сана ва маҳалли имзои созишномаи иловагии мазкурро мувофиқа намояд.
  4. Созишномаи иловагии мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 690

 

Лоиҳа

 

Созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019

Созишномаи иловагии мазкур байни тарафҳои зерин баста шудааст:

  1. ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - «Ҳукумат») дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақоми ваколатдори давлатӣ) ва
  2. ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ «ТОҶИКСЕМЕНТ» (минбаъд - Сармоягузор), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад;

МУҚАДДИМА

- бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;

- бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои дар созишномаи сармоягузории иловагии мазкур пешниҳодгардида сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодро ҳавасманд гардонида, татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар минтақа мусоидат менамояд;

- бо дар назар доштани он, ки амали созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта, ки 10 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ), тибқи моддаи 27 бинобар гузаштани муҳлати амали он қатъ мегардад;

- вобаста бо гуфтаҳои боло ва бо дар назар доштани уҳдадориҳои мутақобила, ки дар созишномаи иловагии мазкур муқаррар гардидаанд, ҳамчунин манфиати мутақобила аз он, Ҳукумат ва Сармоягузор (ки дар маҷмӯъ «Тарафҳо» ва дар алоҳида «Тараф» номида мешаванд) ба мувофиқаи зерин расиданд:

  1. Ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2.3.3. моддаи 2 рақами «100» ба рақами «180» иваз карда шавад;

- дар банди 27.3. моддаи 27 рақам ва калимаи «5 (панҷ)» ба рақам ва калимаи «10 (даҳ)» иваз карда шавад.

  1. Созишнома иловагии мазкур аз санаи нашр шудани қарор дар бораи тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.
  2. Созишномаи иловагии мазкур дар шаҳри Душанбе «___»_______ соли 2024 дар 2 (ду) нусхаи асл ба забони давлатӣ ба имзо расонида шуд.


АЗ НОМИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ НОМИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ

ПӮШИДАИ «ТОҶИКСЕМЕНТ»



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте дополнительного соглашения к инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Закрытым акционерным обществом «Таджикцемент» о строительстве и введении в эксплуатацию заводов по производству цемента, строительно-бетонных, материалов и мешков от 10 июня 2019 года

В соответствии со статьями 6, 12 и 13 Закона Республики Таджикистан «Об инвестиционном соглашении» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект дополнительного соглашения к инвестиционному соглашению между Правительством Республики Таджикистан и Закрытым акционерным обществом «Таджикцемент» о строительстве и введении в эксплуатацию заводов по производству цемента, строительно-бетонных, материалов и мешков от 10 июня 2019 года.

2. Председателю Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан подписать настоящее дополнительное соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Закрытым акционерным обществом «Таджикцемент» дату и место подписания настоящего дополнительного соглашения.

4. Настоящее дополнительное соглашение после его подписания представить для ратификации в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №690

Прилагается на тадж.яз