Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №664 "Дар бораи Тартиби муқаррар намудани ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҳо ва ҳудуди хатҳои муҳофизатии наздисоҳилии объектҳои об, аз ҷумла тавассути нишонаҳои махсуси маълумотӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби муқаррар намудани ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҳо ва ҳудуди хатҳои муҳофизатии наздисоҳилии объектҳои об, аз ҷумла тавассути нишонаҳои махсуси маълумотӣ

Мутобиқи моддаи 84 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Тартиби муқаррар намудани ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҳо ва ҳудуди хатҳои муҳофизатии наздисоҳилии объектҳои об, аз ҷумла тавассути нишонаҳои махсуси маълумотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои амалӣ намудани Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, №664


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке установления границ водоохранных зон и границ прибрежных защитных полос водных объектов, в том числе посредством специальных информационных знаков

В соответствии со статьей 84 Водного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. Утвердить Порядок установления границ водоохранных зон и границ прибрежных защитных полос водных объектов, в том числе посредством специальных информационных знаков (прилагается).
  2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации настоящего Порядка.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №664