Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 691 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳоибекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳоибекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2025-2029

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, тақвияти муҳоҷирати дохилӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ва дар заминаи он таъсис додани шаҳраку деҳаҳои нави замонавӣ, муҳайё намудани шароити моддию маишӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Нақшаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Нақшаро таъмин намоянд.
  3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- кӯчонидани муҳоҷирони дохилиро ба маҳалҳои нави зист мутобиқи рӯйхати аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида дар давоми солҳои 2025-2029 таъмин намоянд;

- ҳар сол то 1 ноябр маҳалҳои нави кӯчонидани муҳоҷиронро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, то 1 марти соли минбаъда муҳоҷиронро мутобиқи Нақша бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд;

- ҳар сол то 1 ноябр нақшаи генералии маҳалҳои нави зисти мухоҷиронро бо дарназардошти инфрасохтори зарурӣ ва системаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

  1. Вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои муҳоҷирон ҳамасола дар буҷетҳои соҳавӣ маблағҳои зарурӣ ва мақсаднок пешбинӣ намуда, корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ мутобиқи Нақша ба анҷом расонанд.
  2. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ва кумаки башардӯстона тибқи Нақша барои ҷойгиркунонии муҳоҷирони дохилӣ миқдори зарурии хаймаҳоро ҷудо намояд.
  3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ба ҳар як оила таъмин намояд.
  4. Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархост ва рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намояд.
  5. Вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 691

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внутренней миграции населения из малоземельных и густонаселенных горных районов в долины республики, имеющие залежные земли в 2025-2029 годах

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», статьей 5 Закона Республики Таджикистан «О миграции» и в целях решения демографических проблем, усиления внутренней миграции из малоземельных и густонаселенных районов в долины республики, имеющие залежные земли и на её основе создание новых современных поселков и сел создание материально-бытовых условий и организация новых рабочих мест, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить План внутренней миграции населения из малоземельных и густонаселенных горных районов в долины республики, имеющие залежные земли в 2025-2029 годах (прилагается).

2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, городов и районов республиканского подчинения соответствующими министерствами и ведомствами республики обеспечить своевременное выполнение Плана.

3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, городов и районов республиканского подчинения и Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан:

- обеспечить переселение внутренних мигрантов в новые места жительства в соответствии со списком, утвержденным Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистана в течение 2025-2029 годов;

- ежегодно до 1 ноября в установленном порядке определять новые места переселения мигрантов и до 1 марта следующего года обеспечить мигрантов в соответствии с Планом приусадебными земельными участками;

- ежегодно до 1 ноября представлять соответствующим министерствам и ведомствам генеральный план новых мест проживания мигрантов с учётом необходимой инфраструктуры и инженерно- коммуникационных систем.

4. Министерствам транспорта, образования и науки, здравоохранения и социальной защиты населения, Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан комитетам по архитектуре и строительству, жилищно-коммунального хозяйства, Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан, Открытому акционерному обществу «Шабакахои таксимоти барк» совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан ежегодно для обеспечения необходимой инфраструктуры в местах пребывания мигрантов предусмотреть в отраслевых бюджетах необходимые и целевые средства и завершить подготовительные работы по переселению внутренних мигрантов в соответствии с Планом.

5. Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан на основании запроса Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан за счет государственных материальных резервов и гуманитарной помощи согласно Плану выделить необходимое количество палаток для размещения внутренних мигрантов.

6. Министерству финансов Республики Таджикистан по представлению Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан ежегодно в пределах предусмотренных средств республиканского бюджета обеспечить своевременное финансирование льготных кредитов для внутренних мигрантов в размере 5000 сомони каждой семье.

7. Государственному унитарному предприятию «Сберегательному банку Республики Таджикистан «Амонатбонк» за счёт средств, выделенных Министерством финансов Республики Таджикистан в установленном порядке осуществлять своевременную выплату льготных кредитов внутренним мигрантам в соответствии с запросами и списками представленными Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

8. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и исполнительными органами государственной власти Горно- Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей городов и районов республиканского подчинения каждое полугодие представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего постановления.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон
г.Душанбе  от 26 декабря 2024 года №691


Приложение
кпостановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» декабря 2024 года, №691


  План внутренней миграции населения из малоземельных и густонаселенных горных регионов в долины республики, имеющие залежные земли в 2025-2029 годах.


№ п/п

Название областей, городов и районов, отправляющих внутренних мигрантов

Название городов и районов, принимающих внутренних мигрантов

Общее кол-во семей внутренних мигрантов, переселяемых в 2025-2029

годах

Годы

2025

2026

2027

2028

2029

1.

Всего по республике:

1718

7|8

353

350

350

750

2.

Горно-Бадахшанская автономная область

33

5

8

5

5

10

2.1

Дарвазский

Хуросон

30

5

5

5

5

10

2.2

Ишкашимский

Хуросон

3

-

3

-

-

-

3.

Согдийская область

935

175

195

195

195

175

3.1

Пенджикент

Зафарабадский

50

  10

10

10

10

10

3.2

Кухистони

Мастчохский

Зафарабадский

350

70

55

85

70

70

3.3

Айнинский

Зафарабадский

60

15

15

5

10

15

3.4

Деваштич

Зафарабадский

350

55

90

70

80

55

3.5

Спитамен

Зафарабадский

125

25

25

25

25

25

4.

Хатлонская область

380

63

78

78

78

83

4.1

Дангаринский

Дангаринский

40

5

5

10

10

10

4.2

Восейский

Восейский

20

-

5

5

5

5

Хуросон

10

2

2

2

2

2

4.3

Темурмалик

Темурмалик

30

5

5

10

5

5

Хуросон

10

2

2

2

2

2

4.4

Джалолиддин Балхи

Джалолиддин Балхи

50

10

10

10

10

10

4.5

Шамсиддин

Шохин

Носири Хусрав

40

10

10

10

5

5

Шамсиддин

Шохин

40

5

10

5

10

10

Хуросон

40

5

10

5

10

10

4.6

Кушониён

Хуросон

10

2

2

2

2

2

 

4.7

Муминабадский

Хуросон

10

2

2

2

2

2

 

4.8

Хуросон

Хуросон

50

10

10

10

10

10

 

4.9

Бальджуванский

Бальджуванский

30

5

5

5

5

10

 

5.

Города и районы республиканского подчинения

370

72

72

72

72

82

 

5.1

Раштский

Раштский

100

20

20

20

20

20

 

Хуросон

30

5

5

5

5

10

 

Лахшский

150

30

30

30

30

30

 

5.2

Т аджикабадский

Носири Хусрав

25

5

5

5

5

5

 

Хуросон

10

2

2

2

2

2

 

Раштский

5

-

-

-

-

5

 

5.3

Рудаки

Рудаки

50

10

10

10

10

10