ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ташкил намудани Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик»
Мутобиқи моддаҳои 6 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» аз ҳисоби заминҳои захираи давлатии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ташкил карда шавад.
2. Низомномаи Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик»-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола барои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегарданд, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намояд.
4. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом тибқи тартиби муқарраргардида вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин ба Парваришгоҳи табиии давлатии «Баҳри Тоҷик» санади дахлдорро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 693
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О создании Государственного природного заказника «Бахри Точик»
В соответствии со статьями 6 и 31 Закона Республики Таджикистан «Об особо охраняемых природных территориях» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Создать Государственный природный заказник «Бахри Точик» за счёт земель государственного запаса города Канибадам Согдийской области.
2. Утвердить положение о Государственном природном заказнике «Бахри Точик» (прилагается).
3. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять финансирование деятельности Государственного природного заказника «Бахри Точик» в рамках предусмотренных средств республиканского бюджета, ежегодно выделяемых Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, а также других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
4. Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан совместно с Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, исполнительными органами государственной власти Согдийской области и города Канибадам в установленном порядке разработать соответствующий акт о выделении земельного участка Государственному природному заказнику «Бахри Точик» и представить на утверждение в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №693