Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 692 "Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда"

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда

Мутобиқи қисми 2 моддаи 131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Бақияпулиҳои андозии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои давлатӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки то 1 январи соли 2011 ба маблаѓи 6 560 300 (шаш миллиону панҷсаду шаст ҳазору сесад) сомонӣ, аз ҷумла андозҳо 4 477 600 сомонӣ ва фоизу ҷаримаҳо 2 082 700 сомонӣ ташаккул ёфта, пардохт нагардидаанд, тибқи замима беэътимод эътироф гардида, аз ҳисоб бароварда шаванд.

2. Мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупорандагон, ки бақияпулиҳои андозии онҳо мутобиқи банди 1 қарори мазкур аз ҳисоб бароварда мешаванд, ба ҳисобварақаи андозсупорандагон дар хусуси аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод таѓйироти дахлдор ворид намоянд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 692
Замима 
ба қарори Ҳукумати 
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О признании налоговой задолженности безнадежной и списании налоговой задолженности, признанной безнадежной

В соответствии с частью 2 статьи 131 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Налоговые недоимки акционерных обществ и государственных предприятий по налогам, штрафам и процентам, образовавшиеся до 1 января 2011 года и неуплаченные в сумме 6 560 300 (шесть миллионов пятьсот шестьдесят тысяч триста) сомони, в том числе налоги 4 477 600 сомони, штрафы и проценты 2 082 700 сомони, признать безнадёжными и списать согласно приложению.

2. Налоговым органам по месту регистрации налогоплательщиков, налоговые недоимки которых списываются в соответствии с пунктом 1 настоящего постановления, внести соответствующие изменения по списанию безнадёжных задолженностей в лицевые счета налогоплательщиков.


Председатель
Правительства Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №692


Приложение
к постановлению Правительства
...