Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 ноябри соли 2021, №500
НИЗОМНОМА ОИД БА ТАЛАБОТИ АСОСӢ НИСБАТИ ИСТИФОДАИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС БАРОИ ИДОРАКУНИИ ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИЕ, КИ АЗ ФУРӯШИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ДОХИЛИ ШАБАКАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД МЕГАРДАНД
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 496)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома оид ба талаботи асосӣ нисбати истифодаи суратҳисоби махсус (минбаъд - Суратҳисоби махсус) барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд (минбаъд - Низомнома) дар доираи ислоҳоти дар соҳа гузаронидашаванда, бо мақсади идоракунии самараноки истифодаи маблағҳои пулие, ки аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд ва муайян намудани тартиби истифодаи ин маблағҳои пулӣ, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
2. Мақсади Низомнома идоракунии зарурӣ ва тақсимоти одилонаи воситаҳои молиявӣ дар байни ҳамаи иштирокчиёни шабака, муайян намудани талаботи асосӣ нисбати маблағҳое, ки ба Суратҳисоби махсус аз фурӯши неруи барқ ворид мегарданд, инчунин таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки ин воситаҳои молиявӣ мебошад.
3. Амали Низомнома ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд - ҶСК БТ), аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ") ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" (минбаъд - ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ") ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи ҶСК БТ ё бозори неруи барқ дахл дорад ().
4. Вазифаҳои асосии Низомномаи мазкур иборатанд аз:
- муқаррар намудани усулҳои истифодаи одилона ва мақсадноки маблағҳои пулии аз фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ воридшаванда;
- таъмини шаффофият ҳангоми истеҳсол, интиқол ва фурӯши неруи барқ;
- бартараф намудани эҳтимолияти истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои аз фурӯши неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ воридшуда ҳангоми тақсимот;
- таъмини марҳила ба марҳилаи пардохти ҳамаи қарзҳои ҶСК БТ, ки барои анҷоми пурраи таҷдиди сохтор зарур мебошанд ;
- таҳкими механизми идоракунии корпоративӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва ҳисоботдиҳии ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва иштирокчиёни эҳтимолии дигари шабакаи бозори неруи барқ дар дохили ҷумҳурӣ .
5. Барои иҷрои вазифаҳои дар банди 4 Низомнома зикргардида Суратҳисоби махсус бояд аз суратҳисобҳои истифодаменамудаи ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" алоҳида пеш бурда, маблағҳои аз фурӯши неруи барқ дар Суратҳисоби махсуси ҷойгиршавандаро ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бояд барои мақсадҳо ва бо тартиби дар бобҳои 7 ва 9 Низомномаи мазкур зикргардида истифода намоянд .
6. Бо мақсади истифодаи зарурии маблағҳои дар Суратҳисоби махсус ҷойгиршаванда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои нозирон (минбаъд - ШН) оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии Суратҳисоби махсус таъсис дода мешавад.
7. Бонк дар бораи ҳолати Суратҳисоби махсус ва истифодаи маблағҳои ба ин суратҳисоб воридгардида ба ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ҳамарӯза ва ба ШН ҳармоҳа тибқи тартиби қонунгузорӣ маълумотнома пешниҳод менамояд .
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
8. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- оператори бозор - дар марҳилаи аввал раёсат дар сохтори дастгоҳи марказии ҶСК БТ, ки бо ҳисобу китоб (пардохт) байни иштирокчиёни бозори неруи барқ машғул аст. Минбаъд ин раёсат ба сохтори алоҳидаи мустақили "Оператори бозор" табдил дода мешавад ;
- Шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии Суратҳисоби махсус - мақоме, ки назорати умумӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии Суратҳисоби махсусро дорад;
- Бонк - ташкилоти қарзӣ, яъне Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Бонк)-ро дорад, ки мутобиқи Низомномаи мазкур ва шартномаи Суратҳисоби махсус бо бонки хизматрасони Суратҳисоби махсус ва ягон вориси ҳуқуқии он ё ивазкунандаи бонки хизматрасони Суратҳисоби махсус барои амалӣ намудани функсияҳои бонки хизматрасони Суратҳисоби махсус ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-ро ҷалб менамояд ;
- Суратҳисоби махсус - суратҳисоби бонкие мебошад, ки ҶСК БТ дар Бонк бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мекушояд бо истифода нисбати он механизми махсуси идоракунӣ ва тақсимоти воситаҳои молиявие, ки ба ин суратҳисоб аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, мекушояд .
- субъектҳои бозори неруи барқ - шахсони ҳуқуқие, ки аз истеҳсол, интиқол, фурӯш ва тақсимоти неруи барқ даромад гирифта, ҳуқуқи гирифтани пардохтҳоро аз Суратҳисоби махсус доранд. Дар айни замон дар доираи Низомномаи мазкур субъектони бозори неруи барқ ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиколи барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" буда, ҳамзамон рӯйхати мазкур маҳдудият надорад ;
- даромади талабшаванда - даромаде (солона бо тақсимоти ҳармоҳа) мебошад, ки ба субъектҳои бозори неруи барқ барои пӯшонидани хароҷоти дар асоси фаъолияти асосии ҳисобшуда зарур аст ва бо ҳуҷҷат тасдиқ шудааст;
- тақсимоти маблағҳо - методологияи тақсимоти ҳиссавии воситаҳои молиявӣ, ки аз рӯи он пардохтҳо аз Суратҳисоби махсус анҷом дода мешаванд;
- нақшаи молиявии истифодаи маблағҳои пулӣ - нақша ё ҳуҷҷате, ки аз тарафи ШН тасдиқ гардида, ҳаҷми маблағҳои пулии аз Суратҳисоби махсус истифодашавандаро батафсил муайян менамояд;
- воридот - воридоти неруи барқ аз тарафи ҶСК БТ, ки ҳамчун истеҳсоли неруи барқ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мегардад. Хизматрасонӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз маҳалли истеҳсоли неруи барқ то сарҳадоти масъулияти ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ё истеъмолкунандагони дигар аз тарафи ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" амалӣ карда мешавад ;
- истеҳсол - ҳаҷми умумии неруи барқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда (ба истиснои эҳтиёҷоти худӣ), аз ҷумла истеҳсолкунандагони мустақиле, ки бо ҶСК БТ муносибатҳои шартномавӣ доранд ;
- нақшаи тақсимоти маблағҳо - аз ҷониби ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" амалӣ гардида, пардохтҳоро оид ба воридот, хизматрасонии қарзҳо дар назди шарикони рушд, хизматрасонии қарзҳо аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ дар назди Вазорати молия, қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар кредиторони молиявии субъектҳои бозори неруи барқро дар бар мегирад ;
- мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика - Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми танзимкунандаи тарифҳои неруи барқ - Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. КУШОДАН ВА БАСТАНИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
9. Бонк тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда кушодан ва пешбурди Суратҳисоби махсусро анҷом медиҳад.
10. Бонк ҳуқуқ надорад самтҳои истифодаи маблағҳоеро, ки дар Суратҳисоби махсус мавҷуданд, муайян ва назорат намояд, дигар маҳдудиятҳои ҳуқуқи ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-ро барои бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кардани маблағҳояш, ба истиснои тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, муқаррар намояд .
11. Амалиётҳо аз рӯйи Суратҳисоби махсус бо қарори ШН боздошта мешаванд.
12. Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз Суратҳисоби махсус дар асоси талаботи Низомномаи мазкур ва қарори ШН амалӣ карда мешавад.
13. Маълумот дар бораи мавҷудияти Суратҳисоби махсус, соҳиби он, маблағҳои пулии дар он мавҷудбуда ва амалиётҳои марбут ба интиқоли маблағҳои пулӣ, ки дар Бонк нигоҳ дошта мешаванд, сирри бонкӣ буда, ба шахси сеюм танҳо бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дода мешавад.
14. Бастани шартнома оид ба кушодан ва бастани Суратҳисоби махсус дар асоси дархости ҶСК БТ бо мувофиқаи ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", ки дар он шартҳои аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда зикр мегарданд, сурат мегирад .
15. Шартномаи Суратҳисоби махсус бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- мавзӯи шартнома;
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- тартиби ихтиёрдории маблағҳое, ки дар ин Суратҳисоби махсус мавҷуданд;
- тартиб ва шартҳои бастани Суратҳисоби махсус;
- шартҳои аз тарафи Бонк пешниҳод шудани хизматрасонӣ ва тартиби пардохти ҳаққи он.
16. Дар шартномаи Суратҳисоби махсус метавонанд шартҳои дигари мувофиқашудаи тарафҳо пешбинӣ шаванд.
17. Барои кушодани Суратҳисоби махсус ҶСК БТ ба Бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд :
- дархост барои кушодани Суратҳисоби махсус;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои пешбинишуда, ки барои кушодани Суратҳисоби махсус заруранд.
18. Агар дар шартномаи Суратҳисоби махсус тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, Бонк уҳдадор аст маблағҳои пулии воридшударо қабул ва ба суратҳисоби махсус дохил намуда, тибқи талаботи Низомномаи мазкур амалиёти барои чунин навъи суратҳисоб пешбининамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом диҳад.
19. Бонк уҳдадор аст, ки ворид намудани маблағҳои пулӣ ба Суратҳисоби махсус ва ё аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулиро аз Суратҳисоби махсус на дертар аз рӯзи гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар бо қонунгузорӣ ё шартномаи байни Бонк ва ҶСК БТ муҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад .
20. Суратҳисоби махсус дар Бонк дар ҳолатҳои зерин баста мешавад:
- бо дархости соҳиби Суратҳисоби махсус бо тартиб ва дар муҳлати пешбининамудаи шартномаи Суратҳисоби махсус;
- бо қарори мақоме, ки шахсони ҳуқуқии дар банди 3 Низомномаи мазкур пешбинигардидаро таъсис додааст;
- дар ҳолати бекор кардани шартномаи Суратҳисоби махсус;
- дар ҳолати барҳам хӯрдани ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" .
21. Бонк ҳангоми бастани Суратҳисоби махсус бақияи маблағҳои пулии дар суратҳисоббударо дар асоси қарори ШН ба соҳиби он бармегардонад ё дар асоси чунин қарор ба суратҳисоби дигар мегузаронад.
4. ХУСУСИЯТҲОИ ШАРТНОМАИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
22. Дар давоми 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ баъди расман аз ҷониби ШН маъқул донистани шартномаи Суратҳисоби махсус дар мувофиқа бо ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" байни ҶСК БТ ва Бонк шартномаи Суратҳисоби махсус ба имзо расонида мешавад .
23. ҶСК БТ дар мувофиқа бо ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар асоси шартномаи Суратҳисоби махсус дар Бонк суратҳисоб бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мекушояд.
24. Дар шартномаи Суратҳисоби махсус бояд ҳатман шартҳои ҳадди ақали зерин зикр карда шаванд:
- расмиёти идоракунии Суратҳисоби махсус, ки дар боби 6 Низомномаи мазкур муайян гардидааст;
- тартиби истифодаи маблағҳои Суратҳисоби махсуси дар боби 7 Низомномаи мазкур зикргардида, аз ҷумла афзалиятнокии истифодаи онҳо;
- анҷоми автоматии пардохтҳо мутобиқи нақшаи молиявии истифодаи маблағҳои пулӣ;
- тартиби истифодаи маблағҳои дар Суратҳисоби махсус пас аз анҷоми амалиётҳои автоматии бонкӣ ҷамъшуда;
- реҷаи шаффофияти пешниҳоди нусхаҳо аз тарафи бонки хизматрасон мутобиқи боби 8 Низомномаи мазкур;
- муқаррароте, ки тартиби пешниҳоди ҳама маълумотро барои гузаронидани аудити солонаи Суратҳисоби махсус аз ҷониби аудитори мустақил муқаррар менамояд;
- тартиби интиқоли автоматии маблағҳо аз Суратҳисоби махсус тибқи нақшаи молиявии истифодаи маблағҳо;
- тақсимоти ҳиссавии маблағҳо;
- уҳдадории шахсони барои гирифтани иттилоот аз феҳристи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва дохилӣ ваколатдор оид ба нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ.
25. Шартномаи Суратҳисоби махсус бо Бонк ба муҳлати на зиёда аз се сол баста шуда, на камтар аз се моҳ то ба охир расидани ин муҳлат ба ҳамин муҳлат тамдид мегардад.
26. Шартномаи Суратҳисоби махсус бояд дорои муқаррароте бошад, ки мутобиқи он маблағҳои пулии ҳадди ақал аз тарафи Бонк аз Суратҳисоби махсус ба суратҳисобҳои ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар асоси тақсимоти маблағҳои аз ҷониби ШН муайянгардида ба таври автоматӣ бидуни супоришномаи пардохти ҶСК БТ интиқол дода мешаванд .
27. Шартномаи Суратҳисоби махсус инчунин бояд дорои супориш ба Бонк ҷиҳати ҳар рӯзи тақвимӣ ба ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ҳармоҳа ба ШН ва мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика пешниҳод намудани иқтибос дар бораи ҳаракати маблағҳои пулӣ дар Суратҳисоби махсус бошад .
28. Иқтибос бояд ҳадди ақал дорои иттилооти зерин бошад:
- дар бораи тавозун ба санаи пешниҳоди иқтибос;
- дар бораи воридоти маблағ ба суратҳисоб ва амалиётҳои автоматии бонкии иштирокчиёни бозор мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо;
- бақия дар лаҳзаи пешниҳоди иқтибос;
- дар бораи гирандагони ин маблағҳо.
29. Тағйир додан ва (ё) бекор кардани шартномаи Суратҳисоби махсус бо пешниҳоди мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика, ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар мувофиқа бо Бонк аз тарафи ШН тасдиқ карда мешавад .
30. Шартномаи Суратҳисоби махсус бо Бонк метавонад дар ҳолати аз тарафи Бонк ба таври дахлдор иҷро нагардидани уҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи Суратҳисоби махсус бекор карда шавад. Ҳангоми зарурат ва дар мувофиқа бо ШН интихоби Бонки нав дар асоси озмун сурат мегирад.
5. ВОРИДШАВИИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛӢ БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
31. Ба Суратҳисоби махсус бояд ҳамаи пардохтҳо барои неруи барқи ҳам аз тарафи ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ҳам аз тарафи истеъмолкунандагони боқимондаи бевоситаи ҶСК БТ ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" пардохтшаванда ба истиснои маблағҳои аз лоиҳаи "CASA-1000" ва аз содирот воридшаванда интиқол дода шаванд .
32. Ба ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва иштирокчиёни дигари бозор истифодаи суратҳисобҳои дигар ҷиҳати гирифтани пардохт барои неруи барқи интиқолгардида манъ аст. Дар ҳолате, ки истеъмолкунандагон маблағи пардохт барои неруи барқро ба ҷои Суратҳисоби махсус ба суратҳисобҳои дигар интиқол диҳанд, гирандаи ин маблағҳо уҳдадор аст дар давоми 5 (панҷ) рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани чунин пардохт онро ба Суратҳисоби махсуси интиқол диҳад .
33. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи банди 32, муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи ғайриқонунӣ татбиқ мегардад. Татбиқи муҷозоти ҷаримавӣ (ҳисоб ва пардохти пеня) гирандаи ин маблағҳоро (воситаҳои молиявии аз ҳисоби тарифҳо гирифташуда) аз зарурати интиқол додани маблағҳои пулӣ ба Суратҳисоби махсус озод намекунад.
6. ТАРТИБ ВА РАСМИЁТИ ИДОРАКУНИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
34. ҶСК БТ ҳамчун иҷрокунандаи вазифаҳои оператори бозор бояд ҳар моҳ мутобиқи нишондодҳои воқеии истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ барои пардохт ба ҳамаи иштирокчиёни шабака, инчунин бо дарназардошти истифодаи маблағҳои пулӣ, супоришномаҳои пардохтро ба Бонк пешниҳод намояд .
35. Интиқоли ҳаррӯзаи маблағҳо ба суратҳисоби иштирокчиёни бозори неруи барқ аз тарафи Бонк ба таври автоматӣ аз рӯи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳаҷми семоҳаи пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳадди ақали зарурӣ барои ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва нақшаи молиявии истифодаи маблағҳо ҷамъ карда мешавад ;
- дар асоси ин маблағ фоизи маблағи умумӣ барои ҳар яке аз ҷамъшавандаҳо бароварда шуда, дар асоси ин фоиз пардохтҳо аз рӯи воқеият ва ҳаҷми мавҷудаи маблағҳо дар Суратҳисоби махсус анҷом дода мешаванд.
36. Дар ҳолати расидан ба маблағи пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳадди ақали зарурӣ то ба охир расидани семоҳаи ҳисоботӣ, пардохтҳои автоматӣ ба ин субъекти бозор қатъ карда мешаванд.
37. ШН ҳар семоҳа дар асоси иқтибос ва нишондодҳои воқеии даромади талабшаванда пардохтҳои ҳадди ақали аз тарафи иштирокчиёни шабака гирифташударо муқоиса менамояд.
38. Дар ҳолати мавҷуд будани бақияи маблағҳо дар Суратҳисоби махсус аз рӯи натиҷаҳои семоҳа, онҳо бояд мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо бо қарори ШН тақсим карда шаванд.
39. ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика ҳар нимсола механизми пардохти қарзҳои мавҷударо тасдиқ мекунанд ё ба он тағйиру иловаҳо ворид менамоянд .
40. ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар асоси қарори ШН қарздиҳандагони худро ба нақшаи молиявии истифодаи маблағҳои пулӣ аз Суратҳисоби махсус дохил мекунанд, инчунин афзалиятнокиро муайян менамоянд .
41. ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ҳуқуқ надоранд, ки маблағҳои пулии дар Суратҳисоби махсус мавҷудбуда ва пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳадди ақали ба таври автоматӣ пардохтшавандаро бе иҷозати ШН ихтиёрдорӣ намоянд .
42. ШН бояд мониторинги доимии ҳаракати маблағҳои пулӣ (ҳамаи воридот ва интиқол) аз Суратҳисоби махсус ва мутобиқати онро бо шартҳои Низомномаи мазкур таъмин намояд.
7. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
43. Пардохтҳо аз Суратҳисоби махсус ба тариқи зерин амалӣ карда мешаванд:
- ҳар рӯзи корӣ ба таври автоматӣ аз ҷониби Бонк мутобиқи тартиб ва тақсимоти маблағҳо;
- ҳар моҳ як маротиба мутобиқи тартиб ва тақсимоти маблағҳо ва бақияи воқеии маблағҳо дар Суратҳисоби махсус.
44. Барои ин мақоми танзимкунандаи тарифҳо барои неруи барқ дар асоси Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №331 тасдиқ шудааст, андозаи даромади талабшавандаро муайян менамояд.
45. Даромади талабшавандаи мазкур ҳар сол (бо тақсимот ба моҳҳо) дар асоси нишондодҳои воқеӣ ва нақшаи истифодаи маблағҳои пулӣ ҳисоб гардида, аз ҷониби ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар мувофиқа бо мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика ва ШН ба мақоми танзимкунандаи тарифҳо барои нерӯи барқ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад .
46. Даромади талабшаванда аз ҷониби мақоми танзимкунандаи тарифҳо барои нерӯи барқ на камтар аз як моҳ қабл аз оғози пардохтҳо тасдиқ карда мешавад ва одатан дар асоси хароҷоти соли гузашта бо дарназардошти коэффитсиенти таваррум ё эҳтиёҷоти ҳисобӣ, агар барои сол аз сол тағйир ёфтани он асоси кофӣ мавҷуд бошад, тасдиқ карда мешавад.
47. Афзалиятнокии интиқоли маблағҳо аз Суратҳисоби махсус дар тақсимоти маблағҳо нишон дода мешавад.
48. Принсипи асосии истифодаи Суратҳисоби махсус аз он иборат аст, ки маблағи пардохтшаванда ҳамеша ҳамчун як ҳиссаи маблағи пардохт ифода карда мешавад, ки дар он маҷмӯи пардохтҳо мантиқан аз пардохтҳои умумӣ камтар ё ба он баробар мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки Суратҳисоби махсус ҳеҷ гоҳ тавозуни манфӣ дошта наметавонад ва барои аз ҳад зиёд сарф шудани пул дар суратҳисоби бонкӣ роҳ дода намешавад.
49. Дар ҳолати нарасидани маблағҳои пулӣ барои пардохт ба ягон субъекти бозор, бо мақсади роҳ надодан ба аз ҳад зиёд сарф намудани маблағ аз Суратҳисоби махсус, ҳаҷми маблағи гирифтанашуда аз ҷониби ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" то замоне сабт мегардад, ки маблағи зарурӣ ба ин субъект дар ҳаҷми пурра пардохт ва таҷдид нашавад .
50. Дар ин маврид, ҳама пардохтҳои тақсимшуда аз Суратҳисоби махсус бояд бақияи кредитӣ бошанд, ки аз суратҳисоби мазкур дебетикунӣ ва ба миён овардани уҳдадориро ғайриимкон мегардонад.
51. ҶСК БТ (ҳамчун оператори бозор) ҳар семоҳа дар давоми даҳ рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани семоҳаи ҳисоботӣ дар асоси маълумоти воқеии тарафҳо (ҳаҷми хариду фурӯш (хизматрасониҳо) ва арзиши қарордодии онҳо) санади муқоисавии иштирокчиёни бозорро (ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ҶСК БТ) барои давраи пардохти охирини сипаришуда (семоҳаи ҳисоботӣ) тартиб медиҳад. Дар ин санадҳо пардохтҳои автоматии дар ин давра аз Суратҳисоби махсус анҷомдодашуда ба назар гирифта шуда, чораҳои зарурии минбаъда оид ба таъмини ҳисоббаробаркунӣ муқаррар карда мешаванд .
52. ҶСК БТ (ҳамчун оператори бозор) дар давоми 15 рӯз пас аз ба охир расидани ҳар семоҳа ва дар давоми 45 рӯз пас аз ба охир расидани сол ба ШН, шӯроҳои нозирони ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика дар бораи ҷараёнҳои марбут ба Суратҳисоби махсус ва раванди ҳисобу китоби харид/фурӯши яклухти неруи барқ ҳисобот пешниҳод менамояд .
53. Маблағҳои пулие, ки то лаҳзаи ба охир расидани муҳлати амали шартнома оид ба Суратҳисоби махсус (пӯшидани суратҳисоб) боқӣ мондаанд, барои пардохти қарзи пардохтнашуда ва хизматрасони маблағи боқимондаи қарзи ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" равона карда мешаванд .
8. ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ҶАМЪШАВӢ ВА ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ПУЛИИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУС
54. ШН масъули мониторинги истифодаи Суратҳисоби махсусро, ки бевосита ба ШН ҳисоботдиҳанда мебошад, муайян менамояд.
55. Уҳдадориҳои асосии масъули мониторинги истифодаи Суратҳисоби махсус иборатанд аз:
- мониторинги даромадҳое, ки аз фурӯши неруи барқ ба даст оварда шудаанд, пайгирии дохилкунӣ ва истифодаи онҳо;
- мониторинг ва омода намудани ҳисобот ба ШН дар бораи мутобиқати далели таҳвили неруи барқ (ҳаҷм, сана, сифат ва нарх) ба нақшаи истифодаи маблағҳои пулӣ;
- мониторинг ва омода намудани ҳисоботи маҷмӯӣ дар бораи хариди неруи барқ;
- интишори иттилоот оид ба таъмини нигоҳдории зарурии низоми таъминоти барқ, иҷрои шартҳои таҳвили неруи барқ, инчунин натиҷаҳои ҳисоботи аудитории Суратҳисоби махсус дар сомонаи интернетии ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" .
56. Ҳар сол аудити мустақили Суратҳисоби махсус гузаронида мешавад. Аудитори мустақил аз ҷониби ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва мақом оид ба идоракунии соҳаи энергетика дар асоси озмун мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона интихоб карда мешавад ва он бояд ширкати аудитории эътирофгардида бошад. Натиҷаҳои тендер оид ба интихоби аудитор ва натиҷаҳои аудит интишор карда мешаванд .
9. ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ ВА ҲАДДИ АҚАЛ
57. Барои ҶСК БТ, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пардохтҳо аз рӯи тартиби зерин ба таркиби пардохтҳои ҳатмӣ дохил мебошанд :
1) музди меҳнат, андозҳо, боҷу хироҷ ва пардохтҳои ҳатмии дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
2) уҳдадориҳои ҷорӣ ва иҷронагардида дар назди истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ (неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Роғун" ва воридот) барои таҳвили воқеии неруи барқ барои ҶСК БТ мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо ;
3) пардохтҳои мувофиқашуда барои хизматрасонии қарз дар назди бонкҳои тиҷоратии дохилӣ дар соли ҷорӣ мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо;
4) уҳдадориҳои ҷорӣ ва иҷронагардида дар назди буҷети давлатӣ барои хизматрасонии аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ дар соли тақвимии ҷорӣ мутобиқи нақшаи тақсимоти маблағҳо;
5) воридоти неруи барқ аз кишварҳои ҳамсоя, инчунин хариди гази табиӣ дар давраи норасоии неруи барқ;
6) боҷу хироҷи транзитӣ ва/ё пардохт барои истифодаи шабакаҳои кишварҳои сеюм барои содироти неруи барқи Тоҷикистон (ба истиснои лоиҳаи "CASA-1000");
7) пардохти ҳаққи хизмати бонки хизматрасон ва аудитори мустақиле, ки аудити ҳарсолаи Суратҳисоби махсусро мегузаронад.
58. Пардохтҳои ҳадди ақал барои ҶСК БT, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба хароҷоти хизматрасонӣ (хароҷоти истеҳсолӣ) барои тавлид, интиқол ва тақсимоти неруи барқ алоқаманд мебошанд .
59. Ҳаҷми пардохти ҳадди ақал барои ҶСК БT, ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", инчунин нақшаи тақсимоти маблағҳо аз ҷониби ШН тасдиқ карда мешаванд .
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
60. Бо мақсади мунтазам гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, ҳабс ё зери мамониат гузоштани Суратҳисоби махсус манъ мебошад.
61. Ҳама гуна баҳсҳо, ихтилофот ва даъвоҳо, ки дар робита бо ҷойгиркунӣ ва гирифтани маблағ аз Суратҳисоби махсус ба миён омада, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал нашудаанд, ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.
62. Ҳамаи пардохтҳо аз Суратҳисоби махсус танҳо пардохти ибтидоӣ мебошанд. Ҳисобу китоби ниҳоӣ мутобиқи низоми муқоисаи маълумот амалӣ карда мешавад.
Приложение к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 25 ноября 2021 года, №500
Положение об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами, поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан
(в редакции пост. Правительства РТ от 26.10.2023 №496)
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение об основных требованиях к использованию специального счета для управления финансовыми средствами (далее - Специальный счет), поступающими от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан (далее - Положение) разработано в рамках проводимых реформ в отрасли, в целях эффективного управления использованием денежных средств, поступающих от реализации электроэнергии и определения порядка использования этих денежных средств, с учетом международного опыта.
2. Целью Положения является надлежащее управление и справедливое распределение финансовых средств между всеми участниками сети, определение основных требований к использованию средств, поступающих на Специальный счет от реализации электрической энергии, а также обеспечение целевого и эффективного использования этих финансовых средств.
3. Действие Положения распространяется на Открытое акционерное общество "Барки Точик" (далее - ОАО БТ) включая Открытое акционерное общество "Шабакахои интиколи барк" (далее - ОАО "Шабакахои интиколи барк") и Открытое акционерное общество "Шабакахои таксимоти барк" (далее - ОАО "Шабакахои таксимоти барк") и другие возможные участники сети ОАО БТ или электроэнергетического рынка
4. Основными задачами настоящего Положения являются:
- установление способов справедливого и целевого использования денежных средств, поступающих от реализации электрической энергии внутри республики;
- обеспечение прозрачности при производстве, передаче и реализации электрической энергии;
- устранение вероятности нецелевого использования средств, поступивших от продажи электрической энергии внутри республики при распределении;
- поэтапное обеспечение выплаты всех кредитов ОАО БТ, необходимых для полного завершения реструктуризации
- укрепление механизма корпоративного управления путем повышения ответственности и подотчетности ОАХК БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и других возможных участников энергетического рынка внутри республики.
5. Для выполнения задач, указанных в пункте 4 Положения, Специальный счет должен вестись отдельно от других счетов, используемых ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и средства Специального счета от реализации электрической энергии, размещаемые на этом счету, должны использоваться ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" в целях и порядке, указанных в главах 7 и 9 настоящего Положения
6. В целях надлежащего использования средств, размещаемых на Специальном счете, Правительством Республики Таджикистан будет создан Наблюдательный совет (далее - НС) по контролю реализации и управлению финансовыми потоками Специального счета.
7. Банк представляет справку о состоянии Специального счета и использовании поступивших на этот счет денежных средств ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк", ОАО "Шабакахои таксимоти барк" ежедневно и НС ежемесячно согласно законодательному порядку
2. ОСНОВНЫЕ ОПРЕДЕЛЕНИЯ
8. В настоящем Положении применяются следующие основные понятия:
- оператор рынка - на первое время управление в структуре центрального аппарата ОАО БТ, занимающееся расчетами (платежами) между участниками рынка электроэнергии. В последующем данное управление будет преобразовано в отдельную самостоятельную структуру "Оператор рынка"
- Наблюдательный совет по контролю реализации и управлению финансовыми потоками Специального счета - орган, который будет осуществлять общий контроль и управление финансовыми потоками Специального счета.
- Банк - кредитная организация, а именно Государственное унитарное предприятие "Сберегательный банк Республики Таджикистан "Амонатбанк" (далее - Банк), привлеченную ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" для осуществления функций обслуживающего банка Специального счета в соответствии с настоящим Положением и договором Специального счета с обслуживающим банком Специального счета и любого его правопреемника или замещающего обслуживающий банк Специального счета
- Специальный счет - является банковским счетом, открываемым ОАО БТ в национальной и иностранной валютах в Банк с применением специального механизма управления и распределения финансовых средств, поступающих на данный Специальный счет от продажи электроэнергии внутри энергетической системы Республики Таджикистан
- субъекты электроэнергетического рынка - юридические лица, которые получают доходы от выработки, передачи, продажи и распределения электрической энергии и имеющие право получать платежи со Специального счёта. В настоящее время в рамках данного Положения ими являются, но не ограничиваясь приведённым списком, ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" ОАО "Шабакахои таксимоти барк"
- требуемый доход - доход (годовой с ежемесячным распределением), необходимый субъектам рынка электроэнергии для покрытия расходов, рассчитанный по основному виду деятельности и документально подтвержденный;
- распределение средств - методология долевого распределения финансовых средств, по которой осуществляются платежи со Специального счёта;
- финансовый план использования денежных средств - план или документ, утвержденный НС, детализирующий объёмы используемых денежных средств со Специального счета;
- импорт - импорт электроэнергии ОАО БТ, классифицируемой как производство электроэнергии на границе Республики Таджикистан. Услуги по передаче электроэнергии с места производства электроэнергии до границ ответственности ОАО "Шабакахои таксимототи барк" или других крупных потребителей осуществляется ОАО "Шабакахои интиколи барк"
- генерация - совокупный объем генерируемой электроэнергии (за исключением собственных нужд) в Республике Таджикистан, включая независимых производителей электроэнергии, имеющих договорные отношения с ОАО БТ
- план по распределению средств - составляется со стороны ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и включает в себя платежи по импорту, обслуживанию кредитов перед партнерами по развитию, обслуживанию кредитов перед Министерством финансов по субзаёмным соглашениям, кредитам коммерческих банков и другим финансовым кредиторам субъектов электроэнергетического рынка
- орган по управлению энергетической отрасли - Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан;
- орган регулирования тарифами на электрической энергии - Антимонопольная служба при Правительстве Республики Таджикистан.
3. ОТКРЫТИЕ И ЗАКРЫТИЕ СПЕЦИАЛЬНЫХ СЧЕТОВ
9. Банк согласно действующим нормативным правовым актам выполняет открытие и ведение Специального счета.
10. Банк не вправе определять и контролировать использование денежных средств, находящихся на Специальном счете, устанавливать иные ограничения прав ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" распоряжаться своими средствами по своему усмотрению, за исключением порядка, установленного законодательством
11. Операции по Специальному счету приостанавливаются по решению НС.
12. Списание средств со Специального счета производится на основании требования настоящего Положения и решений НС.
13. Информация о наличии Специального счета, его владельце, денежных средствах на нем и операциях, связанных с переводом денежных средств, хранящихся в Банке, является банковской тайной и предоставляется третьим лицам только в установленном законодательством порядке.
14. Заключение договора об открытии и закрытии Специального счета осуществляется по запросу ОАО БТ по согласованию с ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк", в котором указываются согласованные сторонами условия
15. Договор Специального счета должен содержать следующую информацию:
- предмет договора;
- идентификационный номер налогоплательщика;
- порядок размещения денежных средств на этом Специальном счете;
- порядок и условия закрытия Специального счета;
- условия оказания Банком услуг и порядок оплаты его комиссионных.
16. В договоре Специального счета могут быть предусмотрены иные условия, согласованные сторонами.
17. Для открытия Специального счета ОАО БТ представляет в Банк следующие документы
- запрос на открытие Специального счета;
- копии документов, необходимых для открытия Специального счета.
18. Если иное не предусмотрено договором о Специальном счете, Банк обязан принять и депонировать полученные денежные средства и в соответствии с требованиями настоящего Положения совершить операции, предусмотренные законодательством и нормативными правовыми актами Национального банка Таджикистана.
19. Банк обязан перевести денежные средства на Специальный счет или снять средства со Специального счета не позднее дня получения соответствующего платежного документа, если иное не предусмотрено законодательством или договором между Банком и ОАО БТ
20. Специальный счет в Банке закрывается в следующих случаях:
- по запросу держателя Специального счета в порядке и сроки, предусмотренные договором Специального счета;
- по решению органа, учредившего юридические лица, указанные в пункте 3 настоящего Положения;
- в случае расторжения договора Специального счета;
- в случае ликвидации ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк"
21. При закрытии Специального счета на основании решения НС, Банк возвращает остаток средств на счете его владельцу или переводит их на другой счет на основании такого решения.
4. ОСОБЕННОСТИ ДОГОВОРА СПЕЦИАЛЬНОГО СЧЕТА
22. В течение 30 (тридцати) календарных дней после официального одобрения со стороны НС договора об Специальном счёте по согласованию с ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" между ОАО БТ и Банком заключается договор о Специальном счёте
23. ОАО БТ по согласованию с ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" на основании договора о специальном счете открывает в Банке счет в национальной и иностранной валютах
24. В договоре о Специальном счете обязательно должны быть оговорены следующие минимальные условия:
- процедура управления Специальным счетом, определенная в главе 6 настоящего Положения;
- порядок использования средств на Специальном счете, указанный в главе 7 настоящего Положения, включая приоритетность их использования;
- автоматическое выполнение платежей, согласно финансовому плану использования денежных средств;
- порядок использования средств, накопленных на Специальном счете после выполнения автоматических транзакций;
- режим прозрачности предоставления выписок обслуживающим банком в соответствии с главой 8 настоящего Положения;
- положения, устанавливающие порядок предоставления всей информации для проведения годового аудита Специального счета независимым аудитором;
- порядок автоматических перечислений средств со Специального счета согласно финансовому плану использования денежных средств;
- долевое распределение средств;
- обязанность лиц, уполномоченных получать информацию из регистра бухгалтерского и внутреннего учета, по сохранению коммерческой тайны.
25. Договор о Специальном счете с Банком заключается на срок не более трех лет и не менее чем за три месяца до истечения этого срока пролонгируется на этот срок.
26. Договор о Специальном счете должен иметь положение, в соответствии с которым денежные средства Банком со Специального счета перечисляются в автоматическом порядке на счета ШСХК БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк", ОАО "Шабакахои таксимоти барк" на основании распределения средств определённой со стороны НС без никаких платежных поручений ОАО БТ
27. Договор о Специальном счете также должен содержать поручение Банку предоставлять каждый календарный день выписку о передвижении денежных средств на Специальном счету в ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и ежемесячно - НС и органу по управлению энергетической отрасли
28. Выписка должна как минимум содержать следующую информацию:
- о балансе на дату предоставления выписки;
- о поступлениях на Специальный счет и автоматических транзакциях участников рынка согласно плану распределения средств;
- остаток на момент предоставления выписки;
- о получателях этих средств.
29. Изменение и (или) расторжение договора о Специальном счёте по согласованию с Банком утверждается НС по представлению органа по управлению энергетической отрасли, ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк"
30. Договор о Специальном счете с Банком может быть расторгнут в случае ненадлежащего исполнения Банком своих обязанностей по договору об Специальном счете. При необходимости и по согласованию с НС выбор нового Банка будет осуществляться на конкурсной основе.
5. ПОСТУПЛЕНИЕ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ НА СПЕЦИАЛЬНЫЙ СЧЕТ
31. На Специальный счет должны направляться все платежи за электрическую энергию, оплачиваемые как потребителями ОАО "Шабака,ои таксимоти барк", так и остальными прямыми потребителями ОАО БТ и ОАО "Шабакахои интиколи барк", за исключением средств, поступающих от проекта "CASA-1000" и от экспорта
32. ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и другим участникам рынка запрещается использовать другие счёта для получения оплаты за поставленную электроэнергию. В случае перевода потребителями оплаты за электрическую энергию на другие счета вместо Специального счета, получатель этих средств обязан в течении 5 (пяти) календарных дней с момента получения такого платежа перечислить эту оплату на Специальный счет
33. В случае невыполнения требования пункта 32, применяются положения Гражданского кодекса Республики Таджикистан об истребовании имущества из чужого незаконного владения. Применение штрафных санкций (начисление и оплата пени) не освобождает получателя этих средств (финансовых средств, полученных за счет тарифов) от необходимости перечислить денежные средства на Специальный счет.
6. ПОРЯДОК И ПРОЦЕДУРЫ УПРАВЛЕНИЯ СПЕЦИАЛЬНЫМ СЧЕТОМ
34. ОАО БТ как выполняющий функции оператора рынка должен ежемесячно представлять в Банк платежные поручения в соответствии с фактическими показателями выработки, передачи и распределения электроэнергии для оплаты всем участникам сети, а также с учётом плана использования денежных средств
35. Ежедневный перевод средств на счета участников рынка электроэнергии Банком осуществляется автоматически по следующим принципам:
- объем ежеквартальных обязательных и минимальных платежей, необходимых для ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" суммируется с финансовым планом использования денежных средств
- на основе этой суммы вычитается процент от общей суммы для каждого из слагаемых, и на основе этого процента производятся выплаты в зависимости от реальности и количества средств, имеющихся на Специальном счете.
36. В случае достижения к концу отчетного квартала необходимой суммы обязательных и минимальных выплат, автоматические выплаты данному субъекту рынка будут остановлены.
37. Ежеквартально на основании выписки и фактических показателей по требуемому доходу НС проводит сверку полученных участниками сети средств минимальных платежей.
38. При наличии остатка средств на Специальном счете по итогам квартала, они должны быть распределены согласно плану распределения средств или по решению НС.
39. ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк", ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и орган по управлению энергетической отрасли каждое полугодие утверждают или вносят корректировки в механизм погашения существующих долгов (задолженностей)
40. ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" на основании решения НС включают своих кредиторов в финансовые планы использования денежных средств со Специального счета, а также определяют приоритетность
41. ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" не вправе распоряжаться денежными средствами, находящимися на Специальном счете, и автоматически оплачиваемыми обязательными и минимальными платежами без разрешения НС
42. НС должен обеспечить постоянный мониторинг движения денежных средств (всех поступлений и перечислений) со Специального счета и их соответствие с условиями настоящего Положения.
7. ПОРЯДОК ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ СПЕЦИАЛЬНОГО СЧЕТА
43. Платежи со Специального счета производятся:
- каждый рабочий день автоматически Банком в соответствии с порядком и распределением средств;
- один раз в месяц в соответствии с порядком и распределением средств и фактическим остатком средств на Специальном счете.
44. Для этого орган регулирования тарифами на электрической энергии устанавливает размер требуемого дохода на основании Методологии расчета тарифов в Республике Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 22 июня 2019 года, №331.
45. Данный требуемый доход каждый год (с разбивкой по месяцам) вычисляется на основании фактических показателей и плана использования денежных средств и предоставляется со стороны ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" по согласованию с органом по управлении энергетической отрасли и НС на утверждение органа регулирования тарифами на электрической энергии
46. Требуемый доход утверждается органом регулирования тарифами на электрическую энергии не менее чем за месяц до того, когда начнётся осуществление выплат и обычно первоначально устанавливается на основе расходов за прошлый год с учетом коэффициента на инфляцию или же расчетной потребности, если есть веские основания полагать, что она будет изменяться из года в год.
47. Приоритетность перечисления средств со Специального счета указывается в распределении средств.
48. Основным принципом использования Специального счета является то, что сумма платежа всегда будет выражена как часть суммы сборов, где суммарные платежи логически меньше или равны общим сборам. Это означает, что Специальный счет никогда не может иметь отрицательный баланс и не допускается перерасход средств со Специального счёта.
49. В случае нехватки денежных средств для оплаты какому-либо субъекту рынка, с целью недопущения перерасхода Специального счёта, объем недополучения средств фиксируется ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" до тех пор, пока причитающиеся этому субъекту выплаты не будут произведены в полном объёме или реструктурированы
50. При этом все распределяемые выплаты со Специального счета должны являться кредитовыми остатками, что делает невозможным дебетовать и создавать обязательство по данному счету.
51. ОАО БТ (как оператор рынка) ежеквартально в течение десяти рабочих дней после окончания отчетного квартала составляет акт сверки за последний прошедший платежный период (отчетный квартал) на основе фактических данных учета сторон (объемов купли-продажи (оказанных услуг) и их контрактной стоимости) участников рынка (ОАО "Шабакахои интиколи барк", ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и ОАО БТ). В этих актах сверок будут учтены автоматические выплаты, уже произведенные за этот расчетный период со Специального счета, и будут установлены дальнейшие требуемые меры по обеспечению взаиморасчета
52. В течение 15 дней после окончания каждого квартала и в течение 45 дней после окончания года ОАО БТ (как оператор рынка) будет представлять в НС, наблюдательные советы ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк", орган по управлению энергетической отрасли отчеты о финансовых потоках, связанных со Специальным счетом и процессом расчетов оптовой купли\продажи электрической энергии
53. Денежные средства, оставшиеся на Специальном счете к моменту завершения срока действия договора по Специальному счету (закрытия счета), направляются на оплату непогашенной задолженности и обслуживание оставшейся суммы долга ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк"
8. ОБЕСПЕЧЕНИЕ ПРОЗРАЧНОСТИ НАКОПЛЕНИЯ И ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ СПЕЦИАЛЬНОГО СЧЕТА
54. НС определяет ответственного за мониторинг использования Специального счета, непосредственно подотчетного НС.
55. Основными обязанностями ответственного за мониторинг использования Специального счета являются:
- мониторинг доходов, полученных от реализации электроэнергии, отслеживание их депонирования и использования;
- мониторинг и подготовка отчета для НС о соответствии фактов поставки электроэнергии (объем, дата, качество и цена) плану использования денежных средств;
- мониторинг и подготовка консолидированного отчета о закупках электроэнергии;
- опубликование на веб-сайтах ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" информации по обеспечению надлежащего содержания системы энергообеспечения, выполнения условий с поставками электроэнергии, а также результатов аудиторского отчета Специального счета
56. Ежегодно проводится независимый аудит Специального счета. Независимый аудитор выбирается коллегиально ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк", ОАО "Шабакахои таксимоти барк" и органом по управлению энергетической отрасли на конкурсной основе в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "О государственных закупках товаров, работ и услуг" и других соответствующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан и должен быть признанной аудиторской фирмой. Результаты тендера по отбору аудитора и результаты аудита подлежат опубликованию
9. ОБЯЗАТЕЛЬНЫЕ И МИНИМАЛЬНЫЕ ПЛАТЕЖИ
57. Для ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" в следующем порядке платежи входят в состав обязательных платежей
1) заработная плата, налоги, сборы, пошлины и другие обязательные платежи, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан;
2) текущие и невыполненные обязательства перед независимыми производителями электроэнергии (Сангтудинская ГЭС-1, Сангтудинская ГЭС-2, Рогунская ГЭС и импорт электроэнергии) за фактическую поставку электроэнергии для ОАХК БТ в соответствие с планом по распределению средств;
3) согласованные платежи за обслуживание долга за текущий календарный год перед внутренними коммерческими банками в соответствие с планом по распределению средств;
4) текущие и невыполненные обязательства перед государственным бюджетом по субзаёмным соглашениям для обслуживания долга за текущий календарный год в соответствие с планом по распределению средств;
5) импорт электроэнергии из соседних стран, а также покупка природного газа в период дефицита электроэнергии;
6) транзитные сборы и/или плата за использование сетей третьих стран для экспорта таджикской электроэнергии (за исключением проекта "CASA-1000");
7) оплата услуг обслуживающего банка и независимого аудитора, который будет проводить ежегодный аудит Специального счета.
58. Минимальные платежи для ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк" связаны с расходами на услуги (производственные расходы) по выработке, передаче и распределению электроэнергии
59. Размер минимальной платы для ОАО БТ, ОАО "Шабакахои интиколи барк" и ОАО "Шабакахои таксимоти барк", а также план по распределению средств утверждаются НС
10. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
60. С целью проведения регулярных банковских операций запрещается арест или блокирование Специального счета.
61. Любые споры, разногласия и претензии, возникающие с связи с размещением и снятием средств со Специального счета и которые не разрешены мирным путем, решаются в судебном порядке.
62. Все выплаты со Специального счета являются только первоначальной выплатой. Окончательные расчеты будут произведены в соответствии с системой сверок данных.