Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 648 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ маъқул дониста шавад.

2. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни лоиҳа тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Котиботи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


 ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 648


Лоиҳа
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения о подготовке кадров для таможенных служб государств – участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам                 

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения о подготовке кадров для таможенных служб государств–участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам.

2. Начальнику Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение и при необходимости вносить в текст проекта изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Секретариатом Совета руководителей таможенных служб государств–участников Содружества Независимых Государств дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №648

 

Проект

 

...