Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 644 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР 

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 644
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматарсониҳои давлатӣ» аз 2 апрели соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №4-5, мод.236; с.2023, №11, мод.479) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Ҳуҷҷати электронии тасдиқкунандаи пардохти ғайринақдии маблағи хизматрасонии муздноки давлатӣ, аз ҷумла расиди электронӣ, супоришномаи пардохтшуда ва огоҳиномаи дигари таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба иҷрои амалиёти пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ пас аз ба низоми баҳисобгирии қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонанда ворид гардидани нусхаи электронии онҳо эътироф карда мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О государственных услугах»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О государственных услугах» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №644
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННЫХ УСЛУГАХ»

Статья 1. Статью 17 Закона Республики Таджикистан «О государственных услугах» от 2 апреля 2020 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2020 г., №4-5, ст.236; 2023 г., №11, ст.479) дополнить частью 3 следующего содержания:

«3. Электронный документ, подтверждающий безналичную оплату суммы платных государственных услуг, в том числе электронная квитанция, оплаченное поручение и иное уведомление поставщика платежных услуг о выполнении операции по безналичной оплате государственных услуг признаются после поступления их электронной копии в систему учета безналичных расчетов услугодателя.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан