ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 643
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июли соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2020, №7-9, мод. 600) пас аз калимаи «накардааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
...