ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 642
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 7 январи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод.204, №11, мод.958; с. 2016, №5, мод.362; с. 2017, №1-2, мод. 14; с. 2020, №7-9, мод.610; с. 2024, №1-2, мод. 8) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз қисми 6 калимаҳои «ба хазинаи ташкилоти дахлдори адвокатӣ ворид карда шавад ё» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 7 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 10 пас аз калимаҳои «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
...