Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 120-ф

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ФАРМОИШ 

Бо мақсади таҳияи босифати буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 ва таъмини истифодаи самараноки захираҳои молиявии давлатӣ:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, № 636 тасдиқ гардидааст. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, № 441 тасдиқ шудааст, инчунин бо дарназардошти татбиқи Хадафҳои рушди устувор, бо мақсади таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» чорабиниҳои зеринро амалӣ намояд:

1) то 27 январи соли 2025 аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор (дар сатҳи муовини роҳбар) гурӯҳи кории байниидоравии буҷетиро дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад;

2) ҷиҳати таҳияи механизми ҳамгироии масъалаҳои гендерӣ, иқлим ва инъикоси алоқа байни нишондиҳандаҳои буҷет бо ҳадафҳои рушди устувор чораандешӣ намояд;

3) то 3 фсврали соли 2025 дастурамал оид ба ташаккули нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 (марҳилаи 1) ва нақшаи тақвимӣ оид ба таҳияи лоиҳаи буҷетро таҳия ва ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол намояд;

4) тартиби таҳия ва шаклҳои пешниҳоди дархостҳои буҷетиро омода ва тасдиқ намояд;

5) то 15 апрели соли 2025 дар асоси баҳодиҳии пешакии дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ҳаҷми дурнамои даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи миёнамуҳлат муайян намояд;

6) то 3 июни соли 2025 дар доираи таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 ба баррасии Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи самтҳои асосии сиёсати молиявию буҷетӣ ва андозиро барои давраи дарпешистодаи банақшагирии буҷетӣ, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, пешниҳод намояд:

- нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ аз рӯйи даромад, хароҷот, касри он ва ҳаҷми қарзи давлатӣ;

- нишондиҳандаҳои ҳисобии буҷети заминавӣ;

- нишондиҳандаҳои сармоягузории давлатӣ;

- маблағи умумии хароҷот барои татбиқи самтҳои нави сиёсати давлатӣ;

...

Правительство Республики Таджикистан

РАСПОРЯЖЕНИЕ

В целях качественной разработки государственного бюджета на 2026-2028 годы и обеспечения эффективного использования государственных финансовых ресурсов:

1. Министерству финансов Республики Таджикистан в соответствии с основными направлениями Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, утвержденной постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 1 декабря 2016 года, №636, Программы среднесрочного развития Республики Таджикистан на 2021-2025 годы, утвержденной постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 16 июня 2021 года, №441, а также с учетом реализации Целей устойчивого развития, в целях разработки показателей государственного бюджета на 2026-2028 годы и проекта Закона Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2026 год» реализовать следующие мероприятия:

1) до 27 января 2025 года из числа представителей соответствующих министерств и ведомств (на уровне заместителей руководителя) сформировать, межведомственную бюджетную рабочую группу при Министерстве финансов Республики Таджикистан;

2) предпринять меры по разработке механизма интеграции гендерных вопросов, климатических вопросов и отражению связи показателей бюджета с целями устойчивого развития;

3) до 3 февраля 2025 года разработать и направить в соответствующие министерства, ведомства и местные исполнительные органы государственной власти инструкцию по формированию показателей государственного бюджета Республики Таджикистан на 2026-2028 годы (I этап) и календарный план но подготовке проекта бюджета;

4) подготовить и утвердить порядок разработки и формы предложений бюджетных заявок;

5) до 15 апреля 2025 года, исходя из предварительной оценки прогноза макроэкономических показателей, сформированных Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, определить прогнозный объем доходов государственного бюджета Республики Таджикистан на среднесрочный период;

6) до 3 июня 2025 года, в рамках формирования проекта государственного бюджета на 2026 -2028 годы, предоставить на рассмотрение Постоянно действующей бюджетной комиссии при Правительстве Республики Таджикистан проект основных направлений финансово-бюджетной и налоговой политики на предстоящий период бюджетного планирования, содержащий следующие сведения:

- параметры государственного бюджета по доходам, расходам, его дефициту и объему государственного долга;

- расчетные показатели базисного бюджета;

- показатели государственных инвестиций;

- общую сумму расходов на реализацию новых направлений государственной политики;

- приоритетные расходы для реализации новых направлений государственной политики на основании предложений главных распорядителей бюджетных средств, разработанных в соответствии с приоритетами государственной политики и целями устойчивого развития;

...