АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, баргузории чорабиниҳоро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.
3. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 январи соли 2025, № АП-713
Замима
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 январи соли 2025, № АП-713
Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025
...